Паймони Миллии Тоҷикистон мардуми Афғонистонро ба мусибати маргбори заминларза, ки ҷони беш аз 1,5 ҳазор нафарро гирифт, таслият гуфт.
«Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҳодисаи дилхарош ва маргбори зилзила дар вилоятҳои Пактиё ва Хусти Афғонистон, ки ба ҷон бохтан ва захмӣ шудани адади бисёре аз шаҳрвандон мунҷар шуд, сахт андуҳгин мебошад.» — омадааст дар баёния.
Иттиҳоди мухолифини тоҷик «ин мусибати бузургро ба мардуми Афғонистон, бахусус, ба хонаводаҳои доғдору мусибатдида таслият арз намуда, аз даргоҳи Худованд барои даргузаштагон раҳмату мағфират, барои маҷруҳон орзуи саломатӣ ва барои бозмондагон сабру шикебоӣ хоҳон аст».