Рубрики Хабарҳо

Буҳрони ҷаҳонии ғизо “миллионҳо нафарро аз гуруснагӣ ва беморӣ хоҳад кушт”

Раиси сандуқи ҷаҳонии муқобила бо бемориҳои СПИД, сил ва малярия рӯз панҷшанбе, 23 июн ҳушдор дод, ки буҳрони ҷаҳонии ғизои ношӣ аз ҷанги Укроин, миллионҳо нафарро ба далел осебпазирии бештари гуруснагон дар баробари бемориҳои уфунӣ, хоҳад кушт ва ба ин тартиб як фоҷиаи беҳдоштии ҷаҳонии нав ба вуҷуд хоҳад овард. 

Питерр Сандез дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса эълом кард, ки камбуди маводи ғизоӣ на танҳо боиси афзоиши маргумирҳо дар пайи гуруснагӣ мешавад, балки аз онҷо, ки афроди гурусна системаи дифоъии заифтаре дар баробар бемориҳои уфунӣ доранд, мунҷар ба густариши навъҳои бемориҳо ва ба думболи он маргумир бештар хоҳад шуд. 

Иқдоми Русия дар муҳосираи дарёии бандари Укроин дар Баҳри сиёҳ, монеъ аз содироти ғаллаҳои чаҳорумин содиркунандаи бузурги гандум ва зироат дар ҷаҳон шудааст ва ба ҳамин далел аз ҳоло шабаҳи камбуди маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ бар кишварҳои камдаромад соя афкандааст. 

Сандез, ки дар ҳошияи нишасти муштараки вазирони тандурустӣ ва дороии гурӯҳи 20 ба мизбонии Индонезия сухан мегуфт, афзуд: “ба назари ман ҳамин ҳоло низ буҳрони беҳдоштии нави ҷаҳонӣ оғоз шудааст, зеро афроде, ки ғизои заиф доранд дар баробари бемориҳо осебпазиртар хоҳанд буд ва таркибе аз бемориҳои уфунӣ, камбуди мавод ғизоӣ ва камбуди энерҷӣ боис хоҳад шуд, ки шоҳиди марги миллионҳо нафари дигар бошем”.

Ӯ таъкид кард, ки барои ба ҳадди ақал расондани паёмадҳои манфии ин буҳрони ғизоӣ, лозим аст, ки давлатҳо ироаи хидматҳои тиббӣ ба фақиртарин ва осебпазиртарин гурӯҳҳо дар ҷомеъаҳои худро дар авлавият қарор диҳанд ва дар ин росто, бояд тамаркуз бар хидматрасонии тиббии аввалия ба вижа дар деҳаҳо бештар шавад. 

Раиси Сандуқи ҷаҳонии муқобила бо бемориҳои СПИД, сил ва малярия ҳамчунин ҳушдор дод, ки камбуди ҷаҳонии маводи ғизоӣ, мунҷар ба афзоиши маргумирҳо ба вижа ба далели ибтило ба бемории сил хоҳад шуд. 

Питер Сандез гуфт: “дар соли 2020-и мелодӣ 1.5 миллион нафар дар саросари ҷаҳон камтар таҳти дармон барои сил қарор гирифтанд ва ин ба он маънист, ки на танҳо садҳо ҳазор нафар ба ин далел ҷони худро аз даст хоҳанд дод, балки ин афрод нафарони дигарро низ мубтало хоҳанд кард. Ба ҳамин далел низ ҳали буҳрони ғизоӣ барои кумак ба дармони дувумини бемории уфунии кушандаи ҷаҳон бисёр муҳимм аст”.

Ӯ афзуд: “ғамангезтарин нукта ин аст, ки мо медонем чи гуна аз ин беморӣ пешгирӣ кунем, чи гуна онро дармон кунем ва чи гуна аз шарри он барои ҳамеша халос шавем”.

Ураина ва кишварҳои ғарбӣ Русияро муттаҳам мекунанд, ки бо масдуд кардани содироти ғаллаҳои ҳаётӣ, ба думболи эҷоди як тарси умумӣ аз вуқӯъи қаҳтии ҷаҳонӣ аст ва саъй дорад аз ин масир ва бо таҳти фишор гузоштани кишварҳои ғарбӣ, имтиёзоти бештаре бигирад. 

Маскав бо радди ин иттиҳомот мегӯяд, ки муқассири камбуди маводи ғизоӣ дар Ховари Миёна ва Африқо, таҳримҳои ғарб ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *