Рубрики Хабарҳо

Кикбоксингчиҳои тоҷик ба Тошканд мераванд

Дастаи кикбоксинг WAKO-и Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалии Uzbekistan Open, ки дар Тошканд баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Даста дар гурӯҳбанди вазнҳо ва намудҳои гуногун баромад мекунад.

Қаблан тими кикбоксинг WAKO дар Истанбул дар Ҷоми ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ карда буд. Ба ҳайати даста 20 варзишгар, 3 мураббӣ ва роҳбарияти федератсия шомиланд.

Натиҷаи бозӣ дар Истанбул 11 медали тилло, 4 нуқра ва 10 биринҷӣ буд, ки дар байни 68 дастаи намояндагии 43 кишвар бо ин нишондод мақоми 6-ум насиби дастаи кикбоксинг WAKO-и Тоҷикистон шуд.

Варзишгарони тоҷик дар се соли ахир бо сабабҳои муайян амалан дар мусобиқоти бузурги байнулмилалӣ ширкат надоштанд, ки ба рейтинги байналмилалии онҳо таъсири манфӣ расонидааст.

Дар Истамбул ба даста муяссар шуд, ки рейтинги худро ба сатҳи баландтар барорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *