Зеленский дар Тоҷикистон сафири нав таъин кард
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский раҳбари собиқи Хадамоти ҷосусии берунаи кишвараш генерал-майори 52-сола Валерий Евдокимовро сафири нави Украина дар Тоҷикистон таъйин кард.
Евдокимов дар ин мақом генерал Василий Серватюткро, ки дар рӯзҳои охири президентии Петро Порошенко фармони қатъи фаъолияташ имзо шуда буд, иваз мекунад.
Таъйини генерал Евдокимов ба мақоми сафири Украина дар Тоҷикистон дар пасманзари ҷанги Русия бо Украина сурат мегирад, ки инак 4 моҳ боз давом дорад ва дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳона аз ҳарду тараф чандин ҳазор нафар кушта шуда, даҳҳо шаҳри Украина вайрону валангор ва қисме аз қаламрави ин кишвар аз сӯи Русия ишғол шуд.
Мақомоти Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ то кунун дар робита ба ҷанги Русия ва Украина изҳори назар накардаанд ва ин ҷангро баҳогузорӣ намекунанд. Нозирони умур инро ба вобастагии ҷиддии Душанбе аз Русия ва ҳам ба омили ҳузури беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар бозори кори Русия бастагӣ медиҳанд.