Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Укроин: Русия бо ташдиди ҳамалот дар Луганск нерӯҳояшро аз ҷазираи “Мор” хориҷ кард

Артиши Русия рӯзи панҷшанбе нерӯҳои худро аз ҷазираи “Мор”-и (Змеиный) баҳри Сиёҳ, ки бо ҳамалоти беамони Укроин мувоҷеҳ буданд берун кашид, аммо ба талоши худ барои муҳосираи охирин сангари муқовамати Укроин дар устони шарқии Луганск идома медиҳад. 

Нерӯҳои Русия бар муҳосира ва тасарруфи Лисичанск охирин пойгоҳи боқимондаи Укроин дар устони Луганск мутамаркиз ҳастанд. 

Нишасти НАТО низ рӯзи гузашта дар Мадриди Испания ва дар ҳоле баргузор шуд, ки Русия ҳамалоти худ дар Укроинро ташдид кардааст. 

Дабири кулли НАТО рӯзи гузашта дар ин нишаст, Маскавро бузургтарин таҳдиди мустақим алайҳи амнияти Ғарб тавсиф кард. Ҳамзамон аъзои ин эътилофи низомӣ, Суис ва Финляндро ба таври расмӣ барои пайвастан ба НАТО даъват карданд. 

Владимир Путин дар вокуниш ба ин мавзӯъ гуфт, ки наметавонд эҳтимоли бурузи таниш дар равобити Маскав бо Хелсинкий ва Стокголмро рад кунад. 

Охирин таҳаввулот, хабарҳо ва дидгоҳҳои муртабит бо таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар рӯзи панҷшанбе 30 июни 2022-ро дар ин гузориш думбол кунед. 

30.06.2022 21:21 

Вашингтон беш аз як миллиард доллар дороии олигархи русро масдуд кард 

Вазорати молияи Амрико рӯзи панҷшанбе аз масдуд шудани дороиҳои беш аз як миллиард долларии як ширкати мустақар дар Иёлоти муттаҳида ва таҳти контроли Сулаймон Каримов, олигарх ва сиёсатмадори рус, ки пештар аз сӯи Вашингтон таҳрим шуда буд, хабар дод. 

Ин миллиардери рус дар соли 2018 аз сӯи Иёлоти муттаҳида ба иттиҳоми пулшуйӣ таҳрим шуд ва акнун дар миёни олигархҳои рус қарор дорад, ки аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо пас аз таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин таҳрим шудаанд. 

30.06.2022 20:16 

Вазъияти буҳронии шаҳри шарқии Лисичанск 

Сергей Гайдай, фармондори минтақа рӯзи панҷшанбе эълом кард вазъият дар Лисичанск, шаҳре воқеъ дар шарқи Укроин, ки таҳти ҳамалоти сангин ва бомбаборони артиши Русия қарор дорад, “бисёр душвор” шуда ва тахлияи ғайри низомиён ғайри мумкин шудааст. 

Ба гуфтаи ӯ шаҳр аз чанд ҷиҳат дар ҳоли гулӯлаборон аст ва артиши Русия аз ҷиҳатҳои мухталиф дар ҳоли наздик шудан ба шаҳр аст. 

30.06.2022 20:02 

Раисҷумҳури Индонезия паёми Зеленскийро ба Путин расонд 

Ҷоко Видодо, раисҷумҳури Индонезия рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки дар ҷараёни дидори рӯзи гузашта бо ҳамтои руси худ, паёмеро аз ҷониби Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ба Владимир Путин, додааст. 

Ӯ бидуни ифшои мӯҳтавоии ин паём, гуфт: “ман талошамро барои кумак ба барқарории иртиботи байн ду раисҷумҳурӣ кардам.” 

Раисҷумҳури Индонезия сипас бо таъкид бар ин, ки Индонезия ҳеҷ манфиате дар идомаи ҷанг надорад, аз тамоми раҳбарони ҷаҳон хост то барои поён додани ҳар чӣ сареътар ба ин ҷанг бо якдигар ҳамкорӣ кунанд. 

30.06.2022 18:59 

Шолтс: Олмон то ҳадди имкони тавоноиҳои низомии худро густариш медиҳад 

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон мегӯяд ин кишвар то ҷое, ки метавонад тавоноии низомии худро ба суръат афзоиш медиҳад. 

Шолтс дар ҳошияи нишасти НАТО дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ҳамчунин таъкид кард, ки Берлин бо бештарин суръате, ки метавонад тавоноиҳои низомии худро густариш хоҳад дод. Ў дар идома гуфт: “барои Олмон ин роҳбурд бад-ин маъност, ки мо ба густариши саҳми дифоъии худ дар замин, баҳр ва осмон идома хоҳем дод.” 

30.06.2022 18:26 

Созмони милал: 16 миллион нафар дар Укроин ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд 

Снот Лобрани, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони милал дар Укроин мегӯяд миллионҳо нафар дар дохили ин кишвар ба кумакҳои башардӯстона эҳтиёҷ доранд ва идомаи ҳамалоти Русия вазъияти мардуми Укроинро бадтар аз қабл кардааст. 

Ин мақоми Созмони милал дар як нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфт, ки тақрибан 16 миллион нафар дар Укроин ба кумакҳои башардӯстона монанди об, ғизо ва хадамоти беҳдоштӣ ниёз доранд. 

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дастрасии гурӯҳҳои башардӯстона ба манотиқе, ки таҳти контроли Киев нестанд бисёр душвор шудааст. 

30.06.2022 17:41 

Урдуғон хоҳони афзоиши талошҳо барои барқарории оташбас дар Укроин шуд 

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия хостори ташдиди талошҳо барои расидан ба “оташбаси пойдор” дар Укроин шуд. 

Ӯ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар хусуси вазъияти ҷанги Укроин гуфт: “мо як сиёсати мутаодилро риоят мекунем ва ба думболи рӯйкарди таҳоҷумӣ нестем. Мо беш аз 40 дарсад аз гази худро аз Русия ворид мекунем, дар ҳоли сохти нерӯгоҳи ҳастаии худ бо Русия ҳастем ва ҳамаи инҳо барои мо аҳамияти бисёре дорад.” 

Урдуғон бо ишора ба ин ки бояд талошҳо барои дастёбӣ ба сулҳ ва оташбас аз сӯи кишварҳои ҷаҳон шиддат гирад, таъкид кард, ки бо ба даст омадани сулҳ, барои Туркия ҳеҷ бохте вуҷуд нахоҳад дошт. 

Аз замони шурӯъи ҷанг байни Русия ва Укроин дар 24 феврал, Анқара талош карда иртибототи худро бо ҳар ду тараф ҳифз кунад ва чандин давр гуфтугӯ миёни тарафайн барои расидан ба сулҳ ҳам дар ин кишвар баргузор шудааст. 

Урдуғон мегӯяд бо ҳифзи як раванди мутаодил метавон ба дастовардҳои бештаре даст ёфт. 

30.06.2022 17:26 

Байден: 800 миллион доллари дигар кумаки таслиҳотӣ ба Укроин ироа мекунем 

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико мегӯяд ин кишвар қасд дорад 800 миллилон доллар кумаки таслиҳотии изофӣ ба Укроин ироа диҳад. Байден, ки дар иҷлоси Гурӯҳи-7 ҳузур дошт ҳамчунин таъкид кард, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш дар НАТО то замоне, ки ҳамалоти Русия ба Укроин идома дошта бошад ба ҳимоятҳои худ аз Киев идома хоҳанд дод. 

Ӯ дар посух ба хабарнигорон дар ин робита гуфт: “мо ҳамчунон дар канори Укроин ҳастем ва ҳамаи аъзои НАТО чунин мекунанд то замоне мутмаин шаванд Укроин аз Русия шикаст нахоҳад хӯрд.” Раисҷумҳури Амрико дар идома бо ишора ба ин ки Укроин то кунун зарботи сахте ба Русия ворид карда, афзуд: “мо намедонем, ки ин ҷанг чӣ замоне ва чигуна ба поён хоҳад расид аммо дар айни ҳол мо мутааҳҳидем, ки ин ҷанг бо шикасти Укроин дар муқобили Русия ба поён нахоҳад расид.” 

30.06.2022 14:27 

Дабири кулли НАТО итминон дод, ки “то замони пирӯзӣ” аз Укроин ҳимоят мекунанд 

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар дувумин рӯзи нишасти сарони НАТО дар Мадрид гуфт, ки раҳбарони ин эътилофи низомӣ дар бораи буҳрони ҷаҳонии ғизо, ки натиҷаи мустақими таҳоҷуми Русия ба Укроин аст баҳс карданд. 

Вай ҳамчунин гуфт, ки раҳбарони НАТО тасмим гирифтанд аз Укроин ҳимоят кунанд то мутмаин шаванд ин кишвар ба унвони як кишвари мустақил дар Аврупо пирӯз мешавад. 

Ӯ ҷанги Владимир Путин алайҳи Укроинро “ғайри қобили қабул” тавсиф кард ва гуфт: “ин Путин аст, ки бояд нерӯҳои худро хориҷ кунад ва бо таваққуфи ҳамла ба як кишвари мустақили демократӣ фавран ба ин ҷанг поён диҳад.” 

30.06.2022 14:22 

Хушҳоли укроиниҳо аз ақибнишинии нерӯҳои Русия аз ҷазираи “Мор” 

Андрей Ермак, раиси идораи риёсатҷумҳури Укроин пас аз ин ки нерӯҳои рус аз ҷазираи Мор ақибнишинӣ карданд ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш табрик гуфт. 

Ермак дар твиттӣ навишт: “дигар ҳеҷ сарбози русӣ дар ҷазираи Мор нест. Нерӯҳои мусаллаҳи мо кори бузурге анҷом доданд.” 

30.06.2022 13:35 

Русия: беш аз 6 ҳазор асири ҷангии укроиниро дар ихтиёр дорем 

Русия мегӯяд, ки беш аз 6 ҳазор асири ҷангии укриниро дар ихтиёр дорад ва ҳамчунин таъйид кард, ки 144 нерӯи укроиниро рӯзи гузашта бо ҳамин теъдоди рус ва ҷудоиталаби ҳаводори Русия мубодила кардааст. 

Игор Конашенков, сухангӯи вазорати дифоъи Русия гуфт: “теъдоди кулли сарбозони укроинии асир ё таслимшуда беш аз шаш ҳазор нафар аст.” 

Вай ҳамчунин ба табодули 144 зиндонӣ дар рӯзи чаҳоршанбе ишора кард ва гуфт, ки ин бузургтарин табодули асирон аз оғози ҷанг будааст. 

Вай афзуд: “тақрибан тамоми афроди рус ё тарафдори Русия, ки озод шудаанд маҷрӯҳ ё ба шиддат маҷрӯҳ шудаанд. Онҳо дар ҳоли ҳозир таҳти дармонҳои пизишкӣ ҳастанд.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *