Вазорати дифоъи Толибон рӯзи сешанбе ба таври расмӣ эълом кард, ки Акмал Амир, фармондеҳи машҳури Ҷабҳаи озодиро бо 8 партизани ҳамроҳаш дар вулусволии Саланги вилояти Парвон куштааст.
Афғонистон интернэшнл бо истинод ба манобеъаш менависад, наздики соати ҳашти бомдоди рӯзи душанбе ҳудуди 34 мошини ҷангии Толибон, ки ҳомили наздик ба дусад сарбози ин гурӯҳ буданд ба деҳаи Ҳунарваи боло дар дараи Коклами вулусволии Саланги вилояти Парвон юриш бурданд.
Дараи Коклами Саланг бо вулусволии Шатали вилояти Панҷшер марзи муштарак дорад. Манобеъи мардумӣ гуфтаанд, ки Толибон дар ин минтақа се хонаро ба оташ кашиданд.
Ба гуфтаи манобеъ, даргирӣ аз субҳи рӯзи душанбе оғоз шуд ва “то пас аз намози хуфтан дар ин минтақа ҷараён дошт.” Манобеъ гуфтаанд сипас “Толибон аз кӯҳ поин шуданд ва дар масҷид эълом карданд, ки ҳеҷ касе аз хонааш берун нашавад.”
Рӯзи сешанбе Толибон гурӯҳе аз мардони дараи Кокламиро бо худ бурданд то панҷ ҷанозаро ба хок бисупоранд. Манобеъ гуфтанд ин гурӯҳ иҷоза надоданд, ки мардум намози ҷанозаи қурбониёнро бихонанд ва маросими маъмулии кафан ва дафнро ба ҷо оваранд.
Ба гуфтаи мардуми маҳал Акмал Амир дар байни панҷ ҷасади баҷомонда дар маҳал ҳузур надоштааст.
Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд ду нафар аз мардуми маҳал низ ба иттиҳоми иртибот бо ҷабҳаҳои зидди Толибон аз дараи Кокламӣ “асир гирифта шудаанд.” Ин манобеъ мегӯянд дасти кам панҷ нафар аз афроди Толибон низ дар ин даргирӣ кушта шудаанд.
Судури баёнияи расмии вазорати дифоъи Толибон нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ, фаъолиятҳои ин фармондеҳи Ҷабҳаи озодиро таҳдиди ҷиддӣ алайҳи худ медонистааст.
Дар муқобил Ҷабҳаи озодӣ низ ба Афғонистон интрнэшнл гуфтааст, ки “Амбулонсҳо ҷанозаҳо ва захмиҳои Толибонро ба шифохонаи Парвон мунтақил кардаанд.”
Акмал Амир пеш аз вуруди Толибон ба Кобул узви артиши миллии Афғонистон буд. Ў пас аз суқути Кобул ба Панҷшер рафт ва баъдан ба Ҷабҳаи озодӣ, яке аз ҷабҳаҳои мусаллаҳи мухолифи Толибон пайваст.
Ҷабҳаи озодӣ пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон, ҳамлаҳои партизаниро дар вилоятҳои мухталифи ин кишвар созмонедҳӣ кардааст.