Рубрики Ислоҳ.net

 «Бузҳо» -и консулгарӣ дар Екатеринбург


Номаи маро алоҳида чоп кунед№10

Муҳоҷират як зиндагии сахт аст. Ҳазоруяк мушкил дорад. Аммо, ҳамватани мову шумо ногузир ва ночор аст ки рӯ оварад ба муҳоҷират, то рӯзгорашро пеш барад.

Екатеринбург яке аз шаҳрҳои калони Русия аст ки баъди Маскав ва Санкт-Петербург шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар онҷо бисёр мебошад.

Хушбахтона, дар ин шаҳр «Ислоҳ» шумори қобили мулоҳизаи хабарнигорони иҷтимоии худро дорад,ки ҳар кадоме ба таври ҷудогона бо мо дар иртибот шуда аз ҳавлу ҳоли муҳоҷирон иттилоъ медиҳанд.

Яке аз ин хабарнигорони мо, матлаберо дар робита ба нафарҳое, ки ба ҳайси муҳоҷир дар Екатеринбург иқомат мекунад, аммо кору борашон иборат аз хабаркашиву фурушофурӯши ҳамватанони ғарибу мусифири мову шумо аст ва аз ҳисоби онҳо даромад ҳам мегиранд, зиндагии худро мечархонанд, фиристодааст.

Ин фурӯмояи буз на фақат ба консулгариву КДАМи Тоҷикистон ба ФСБ-и ФР ҳам ҳамкорӣ, аниқтараш бузӣ мекардаанд.

 Бо нашри ин матлаб, ки муаллиф хостааст онро дар гӯшаи «Номаи маро алоҳида чоп кунед» аз ҳамватанони муҳоҷири худ дар ин шаҳр даъват мекунем, ки дар муомила ва муносибат бо ин нафарҳо аз эҳтиёт ва ҳушёрӣ кор бигиранд. Ин нафарон киҳоанд, дар навиштаи зер маълумот мегиред:

Шабакаи хабаркашон дар атрофи консулгарии Тоҷикистон

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуху бародари ҳақгуй. Бовар кунед суханҳоят ранги теғи буранда аст. Касеро, ки дар борааш гап мезанед ҳатман чораи ӯро мебинанд.

 Мо ҳоло дар бораи як бузи хабиси бангӣ гап мезанем,ки бисёр вақт дар ҳолати кайф аст, банг мезанад мегардад. Як хел вақт бангзаниро як ҳафта давом медиҳад, чунки ҳам арақ мехӯрад ҳам банг мезанад.

Ин шахс Одинаев Гулмудин Изомудинович 12.11.1987 соли таваллудаш, аз шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар) ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам  шаҳрвандии Федератсияи Русияро дорад.

Одинаев Гулмудин Изомудинович як бузи хатарнок дар миёни муҳоҷирин дар шаҳри Екатеринбурги Русия аст.

То мардум нагуянд, ки дар ҳақи инҳо туҳмат мекунам чанд аксеро равон мекунам, ҳамчун далел, ки консули собиқи Тоҷикистон бо ифтихорнома ин Қамарро сарфароз мекунад. Бовар кунед ҳамин Қамар дар чанд ҷой гуфт, ки «э,инҳора аз як камаз зиёд бори консули собиқа равон кардаги ҳастам. Боз ҷояш мия и курнамако, ки қатит гап мезанан инҳо як ҳаромхуран то пулшона нагиранд, корта буд намекунанд, хубиҳои инсонро тамоман ба назар намегиранд».

Баъд, ман гуфтам ту чи чизҳошун  равон кардӣ, ки минаташон мекунӣ? Гуфт: масалан чи хели бор- телевизорҳои қиммат, магнитофон, шоколод, банан, хулоса, тамоми чизро равон мекардам ба Консул Зафар Саидзода. 

Ҳоло боз дар хизмати консулу коргарони нав аст ин Қамар. Дар Тоҷикистон аз номи Шоҳкомандир гап мезанад, ки Шоҳ язнаам аст «ненералай гапзанша ме@м» Дар ҳақиқат чи хешие ба зани Шоҳкомандир дорад.

Ин Қамар тамоми ҳуҷҷатҳои қалбакиро барои муҳоҷирон месозад. Ба Худо қасам, дурӯғ намегӯям: права шаҳодатномаи ронандагии Русия барои тоҷикон ва ӯзбекҳо, справка неженатый, справка о возврашении на родину ва ғайра ҳамаашро сохта медиҳад. Пулашро диҳӣ, ҳар гуна ҳуҷҷати қалбакӣ тайёр мекунад. Хулоса, ба тамоми ҷиноят даст мезанад.

Барои чӣ дар аввал Одинаев Гулмудин Изомудинович гуфтаму ҳоло дар бораи Қамар гап мезанам. Чунки ин шахсро ҳама бо номи Қамар мешиносанд. Ин шахс дар консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия,шаҳри Екатеринбург қариб 5 сол аст бузӣ мекунад ва мардумро ба коргарони амният, ки аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонанд, мефурӯшад.

Масалан бо Беҳрӯз, ки намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Екатеринбург буд ҳамкорӣ мекард. Вай рафт, чунки муҳлати кораш буд шуд.

Ин Қамар ба ФСБ  Россия ҳам  хабаркашӣ мекунад. Бо консулгарии Тоҷикистон бузӣ мекунад, яъне мардумро мефурӯшад.

Айни замон Қамар дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург посредник аст касеро, ки кораш афтад, миёнаравӣ мекунад. Пул мегирад ва бемалол медарояд ба дохили консулгарӣ, ки он ҷо танҳо кормандони расмӣ ҳаққи даромадан доранд. Аммо ӯ озод ворид мешавад, мисли «зеленный светофор». Ҳол он ки ягон вазифа ва мансаби давлатӣ надорад пас бо кадом ҳақ медарояд?

Нафари дуввуми консулгарӣ зане ҳаст бо исми Дилафрӯз. Дуюм шахсият дар консулгарӣ. Ин Қамар ҳам ба худаш ва ҳам ба духтарчаи ҳамин зани консулгарӣ ба номи худаш симкорти русӣ гирифта дод. Агар бигӯед, ки туҳмат мекунам, марҳамат симкартаи Дилафрӯзро санҷед, ки ба номи кӣ аст. Сайвалӣ мегуяд, ки гулаш оварду аз фурудгоҳ пешвозаш гирифт «и қати консул зурай».

Қамар бо Сайвалӣ (аз Қабодиён) аэропорти Екатеринбург, ки Кольцово ном дорад  меравад ва дар онҷо ҳам мардумро фиреб медиҳад.

  Устод ман худам аз Қурғонтеппа ҳастам ва бисёр корҳои ин Қамарро аз Сайвалӣ, ки бо ҳамроҳи Қамар дар фурудгоҳи Екатеринбург посредник ҳастанд, шунидаам.  

Сайвалӣ як беақл аст ва кличкааш Булдок. Вале сахт қаллоб аст. Қариб тамоми мардуми Қабодиён, ки дар Екатеринбург зиндагӣ мекунанд аз дасти Сайвалӣ фиреб хурдагианд. Агар бовар намекунед, марҳамат ба Сайвалӣ занг занед ва гӯед, ки ман ҳуҷҷат надорам, метавонӣ аз милисаҳо гузаронӣ? Мегуяд, ки бале. Ҳол онки милисаҳо қариб, ки ҳуҷҷат тафтиш намекунанд. Тафтиши ҳуҷҷат мекунанд вале гоҳ- гоҳе хело кам.

Сайвалӣ мегуяд, ки Қамар бо ФСБ ҳамкорӣ, яъне бузӣ мекунад. Пурсидам, ки чи хел кор мекунад? Гуфт аз ҳолат огоҳ мекунад, ки тоҷикҳо дар инҷо ба чи корҳо машғуланд, яъне хабар мерасонад. Масалан чи хел инҳо пул кор мекунанд, чанд пул кор мекунанд, ҷойи зисташон дар асл дар куҷо аст, кадомаш документ дорад. Масалан аз фурудгоҳи Екатеринбург ту ҳуҷҷат надорӣ вале хона-ватан меравӣ. Онҷо асосан ҳама чиз дар дасти ФСБ аст-погранвойск инҳо ҳама фсбешникҳо. Мегуяд, ки 10 ҳазор рубл медиҳиӣ мо мегузаронемат. Дар ҳоле, ки   қариб, ки ҳуҷҷат тафтиш намекунанд дар ин фурудгоҳ. Мардум хаёл мекунанд дар фурудгоҳ беҳуҷҷат даромада намешавад ва ночор ба ин қаллобон- Сайвалӣ ва Қамар телефон мекунанд. Ва инҳо мегуянд, ки паспортҳоятонро равон кунед ба мо ҳал мекунем ва боз талаби пул мекунанд, ки пули аз милисаҳо гузарониданро низ парто. Ту мепартоӣ: аз ду то панҷ ҳазор рубл. Инҳо беҳеҷ чи дар ҷайб пулро мезананд.

  Ё ки масалан загранпаспорти Русия надорӣ. Агарчи шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистонро дорӣ сарҳадбонони Русия туро мегардонанд аз фурудгоҳ, ки рав паспорти хориҷии Русияро куну баъдан рав Точикистон. Ту боз ба суроғи Қамар меравӣ ва ба Қамар то 20 ҳазор рубл медиҳӣ ва ин паспорти туро мегирад. Сураташро бо телефон ба сарҳадчиҳои фурудгоҳ равон мекунад бо номи Шомил, ки аз Доғистони Русия ҳаст, ки дар телефони Қамар номаш Alex навишта шудаааст мепартоя ва туро сарҳадбонони Русия иҷозат медиҳанд меравӣ Точикистон.

Ҳоло ин сархури Қамар бо нафаре бо номи Қурбон ҳамкорӣ мекунад. Яъне бозичаи Қурбон аст.

Ин Қурбони амниятӣ бисёр одами хунхор аст. Мардумро таҳдид мекунад ва бо ҳар роҳе, ки набошад, пул мегирад 

Ин Қурбон худашро хеши СС.Ятимов мегирад ва мегуяд «ма фархориюм, хеши Ятимовум гапзанша фалон мекунам». Қамар бо вай ҳамкорӣ мекунад ва ҳамаро хабар мекашад. Бовар кунед ин Қурбони амниятӣ, ки ҳоло Екатеринбург омадааст русиро намедонад. Инҷо бояд шахсе кор кунад, ки забони русиро донад. Дар Русия  забони русӣ лозим аст ва бояд донад. Аммо афсус, ки ин хеши СС.Ятимов (ин ҳақиқат дорад ё не инашро Аллоҳ медонад) русиро намедонад.

Қамар мазоҳу масхарааш мекунад ин Қурбони амниятиро, ки русиро намедонад. Ман набошам инҳо гушна мемонанд мегӯяд.
Боз Қурбон Қамарро гуфтааст, ки «як мулло биёвда як б@мша». Мақсад  резултати корӣ кунад. Ин гапро Қамар дар ҳама ҷойҳо гап мезанад, ки Қурбон муллоҳора бисёр бад мебинад ва беимон аст. Ва Қамар дар як ҷо дар назди рафиқонаш гуфта аст ки Аллоҳи пок шоҳид аст ки дуруғ намегуям ҳамин гапро Қурбон гуфт. Гуфт, ки як мулло биёвда як фалонаш кунам ва резултат кунамша. Баъзе муллоҳоро худи Қамар занг мезанад, ки акаи Қурбон мехоҳад бо ту суҳбат кунад. 

Бисёр одами беимон бетавфиқ ҳаст ин Қурбон. Бузи рақами яки ин Қурбон Қамари бангии арақнуш аст.

Боз шунидам, ки Қурбони амниятӣ шаҳрвандии Русияро низ дорад, ки ин ҳеҷ мумкин нест як коргари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ду шаҳрвандӣ дошта бошад, ин ғайриқонунӣ аст.
Бовар кунед ин Қурбони амниятӣ мардуми Екатеринбургро дар ҷонаш задагӣ аст.

Қамар дар ҳама ҷой мегуяд, ки «э,и Қурбон як бесаводай, як ҳаромхурай. Ман роҳи пулкоркунира нишон додамша дар Екатеринбург. Ман набошам и мембурад гушнагира. Ҳама консулгариҳо аз ман муттаҳаманд, мана зора мекунанд, ки боромона равон кунед, мана хушомад меган, ки чизойе, ки аз пора ҳаст масалан телевизор, диван, шифонер, гилем, холодилник, стиралка ва ғайраҳоро ман роӣ мекунам».
Боз ин Қамар дар парвози Сомонайр  худашрро ҳамчун представител- намояндаи ин авиакомпания ҳам мегирад. Ва бо духтароне, ки дар стойкай регистратсия мешинанд, борҳоро равон мекунанд созиш ва маслиҳат кардаги аст. Агар шахсеро, ки бораш аз нормааш зиёд бошад, пешат меояд ва мегуяд, ки агар дар «уҷа супориш пула сари ҳар кило аз 500 рубл боло ҳаст, биё ман 350 то 400 рублӣ гузаронам, пула бегона накун» ва ҳамин гуна гапҳоро гуфта борҳоро мегузаронад ва ба ширкати ҳавопаймоӣ зарар мерасонад ва аз ин пуле, ки мегирад ягон дирамашро ба ин ширкат намедиҳад ва худаш мегирад ва як қисматашро ба духтароне, ки онҷо кор мекунанд медиҳад ва боқимондаашро ба ҷайби худаш мезанад. Дар як рейс аз 30 то 50 ҳазор рубл боло кор мекунад.  
Ва дар ҳама ҷо Қамар боз лоф мезанад, ки ҳар рӯзе аз 30 то 50 ҳазор рубл кор мекунам. Дар консулгарӣ дар Екатеринбург аз ҳисоби посредникиям аз вақте ки апаи Дилафрӯз омадааст корҳоям зӯртар шуданд: «Онҳорам метиям ҳақашона онҳорам хурсанд, манам хурсанд».
Қамар дар ҳамаи ҷо гуфта истодааст, ки «мана апаи Дилафрӯз қатим ранги лубовникмай, кадом рӯзе чикореш мекунам. Бевай зурай шавҳар надорад ирам маълумай, ки мефораша ай ман».

Устод Муҳаммадиқбол, дар бораи Қамар боз дар барномаҳои оянда хоҳам навишт. Инҷо боз дар бораи дигар бузи бисёр ҳам хатарноктар гап мезанам. Ин буз Исоқов Ганҷалихон Ҷураевич, аз Восеъ ҳастанд ва дар Екатеринбурги Русия хона дуто ва се зан дорад.

 Газел дорад дар хатсайр кор мекунад даромади хубе аз ҳисоби посредникиаш мегирад. Инҳо 5 ё ки 6 акаву додар ҳастанд. Бо номҳои Исоқов Ашур ва Исоқов Зокир, Исоков Ганҷалихон ва дигараш Далер  ном дорад. Ин Далераш ду бор бо дузди суд шудагӣ аст. Бангу нашаву героину ҳамаашро мезанад.

  Аз мобайни инҳо хатарноктарашон Исоқов Ганҷалихонашон аст. Ба Аллоҳ қасам ки як бузи хатарнок аст: ҳам ба ФСБ ва ҳам ба консулгарӣ ва ҳам бо органҳои Тоҷикистон сахт хабаркашӣ мекунанд.
Ин Ганҷалӣ ҳам посредник аст. Дар консулгарии Екатеринбург бо Зафар Сайид, консули пешин сахт движуха мекард. Яъне кашелоки Зафар буд. Масалан справка о возврашения на родина ё ки загранпаспорти Тоҷикистон лозим бошад дар ду то 3 руз мекунад, бо маблағи аз 30 то 50 ҳазори русӣ.

  Ганҷалӣ дар як рӯз чандин маротиба медарояд мебарояд консулгарӣ.
Ин Ганҷалӣ буз боз наворбардор аст дар туйҳо ва барандагӣ ҳам мекунад. Хело дар гап моҳир ва ширинсухан аст. Ин Ганҷалихон дар туйю маъракаҳо, вақте ки даъват мешавад, маблағи хароҷоти туй ва соҳибони туй ба чикор машғуландро ҳатман ба ФСБ ва консулгарӣ хабар медиҳад. Масалан агар шумо аз Тоҷикистон ягон овозхон овардед ва хароҷот кардед ин хабар медиҳад, дар ҳоле, ки худаш барандаи туй аст ва худаш ҳам пул мегирад ва боз як дастархони калон карда медиҳанаш. Ҳатто  фалон инсон дар ҳофизаҳо ин қадар сум масраф кард дар раққоса ин қадар пул расход кардро мерасонад ва ҳатто навору сурат ҳам гирифта месупорад.

Баъди ин  барои кадом идҳои давлатӣ консулгарӣ туро даъват мекунад ва мегӯяд як қисмати масрафи ҳамин иди давлатиро ба уҳда мегирӣ. Вақте шумо надорам мегуед он навору аксҳоро нишон медиҳанд ва таҳдиду шантаж карда мегуянд, ки «э, ту иқа пула артисту раққоса овардию барои давлати хута обруша хезондан надорӣ, ёки ба хоинҳо ҳамкорӣ дорӣ, ки дар бари Ҷаноб намеистӣ, барои ободии ватан намекунӣ».

 Ҳамаи ҳамин аз руй ҳамин Ганҷалӣ наворбардор ва баранда ҳаст, бузӣ кардааст.  
Масалан як нафар бо Ҷамшеди Шрам соҳибкори тоҷик дар Екатеринбург ҳаст. Якчанд мағозаи либосфурушӣ дорад. Ҳамин Ганҷалӣ ба ФСБ фурухт, ки ин пули калон масраф кард ба ҳофизаҳову раққосаҳо. То ҷое, ки шунидам ба Ҷамшед чи проблемае шуд.

  Ин Ганҷалӣ вақте ки маст мешавад ва бангро мезанад дигар даҳонаш воз мешавад ва гуфтан мегирад, ки «ана ира ита кардам, уша ута проблема кардам» ва аз ин ноҷавонмардиву бузиҳои худ бар муқобили ҳамватанонаш лаззат мебарад.

Агар мабодо дар консулгарӣ корат афтад бе Ганҷалӣ қариб, ки коратро буд карда наметавонӣ. Пулро ба вай медиҳӣ гуфти худаш корат «ҳалайййй».Рӯирост мегӯяд, ки «акаҷон ҳоло вақти пулай, ки додӣ дар зери соя ва дар партави сиёсатҳои хирадмандонаи Ҷаноби олӣ корат зуд тайёр мешавад». Ин бисёр ширин сухан аст. «Ту бародарамӣ, ҳаммиллатамӣ гуфта ҳамин тавре, ки «хубӣ» мекунад ба ту худашро нишон медиҳад».
Як пойи Қамар ва як пойи Ганҷ ҳамеша дар даруни консулгарианд. Дар ҳоле, ки  онҷо кор намекунанд.
 
Боз ин Ганҷалӣ мегӯяд, ки ман бо писари Ҷаноб яъне Рустам рафтуомад дорам ва аз вазъияти ин минтақа ба Рустам мерасонам. Гоҳе маст мешавад, Рустамро дашном мекунад, ки «вай як герчикай к@и оча?падараш як ҳаромай? як ойлаи гушначашман инҳо» гуфта таҳқир мекунад оилаи президентро.

 Ин Ганҷалихон бисёртар муносибаташ бо Зафар Саидзода, консули пешина хуб буд. Бо Қурбон Ганҷалихон кор намекунад. Мегӯяд,ки «и фалони зан одами хуб нест, якум борай, ки ита одами паст мия намоянда аз Тоҷикистон ба консулгарӣ дар Екатеринбург. Як бесаводай ин Қурбони амниятӣ, ира кӣ роӣ кардай, и ҳайф кардай амнияти давлатиро. Ира ҷояш тувалеттозакунӣ ҳаст ёки даҳмардагӣ».

 Исоқов Ганҷалхон Қурбонро шум мебинад. Ин Ганҷи буз бисёр зарар расонидааст ба мардум.

 Ман дар даруни инҳо ҳастам ва бисер чизҳоро медонам дар бораи инҳо. Боз навишта равон мекунам.

  Дар канали ютубияш Ганҷалхон 11 ҳазор обуначӣ дорад, бо номи ГАНҶАИБЕК.
Ишора кунам, ин бузҳо худашон медонанд, ки чи тавр таҳдид мекунанд мардумро барои сум ва киҳоро лес (ҷангал) бурдаанд, аз ҳамааш огоҳам. Чи хеле ки мегуянд «туй» дар пеш ҳаст. Боз киҳоро навору акс кардаанд барои таҳдиду шантаж бо номҳояшон мегӯям. Чунки инҳо хоини мардум ва ҳамватанҳоямон ҳастанд, ки рӯ ба муҳоҷират оварда баъзеашон аз ночорӣ ба инҳо муроҷиат мекунанд.

Охирсухани Ислоҳ:

Муҳоҷирати тоҷик, ки бояд воситаи ризқу рӯзӣ ва роҳи зиндагии шоиста бошад, имрӯз дар дасти чанд буз, хабаркаш ва қаллоб табдил ёфтааст ба саҳнаи фурӯши инсон ва хиёнат ба ҳамватан.
Ин афрод бо номи «посредник», бо симои «дӯсти муҳоҷир» ва бо пуштибонии бархе аз намояндагони расмӣ, рӯзии мардумро мехӯранд ва обрӯи миллатро мефурӯшанд.

Имрӯз, вақте ки муҳоҷир бо ранҷу сахтӣ кор мекунад, бояд бидонад, ки дар паҳлӯяш на танҳо дӯст, балки душман ҳам ҳаст душмане, ки бо табассум наздик мешавад, аммо бо як занг ё як хабар номатро ба дасти амният медиҳад.

Фош кардани номи ин бузҳо на аз нафрат, балки аз муҳаббат ба ҳамватан ва аз эҳсоси масъулият аст. Агар хомӯш бошем, фардо навбат ба мо мерасад.

Ҳар муҳоҷир бояд бидонад: эҳтиёт беҳтар аз пушаймонӣ аст.
Муҳоҷирон бояд якдигарро ҳимоят кунанд, на бифурӯшанд. Миллати мо дар ғарибӣ фақат бо ваҳдат ва ҳушёрӣ зинда мемонад. Ҳама ончи мебинед дар ҳар минтақаи Русия ҳастед ҳатман ба Ислоҳ нависед, то зараррасонҳои муҳоҷирон камтар шаванд.



Source link

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *