Аз 12 октябри соли 2025 дар тамоми кишварҳои минтақаи Шенген системаи нави бақайдгирии электронии вуруду хуруҷ оғоз шуд. Ин тағйирот ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бо мақсади сафарҳои кӯтоҳмуддат ба кишварҳои Шенген ворид мешаванд, дахл дорад.
Ин система ба ҷойи муҳр гузоштан дар шиноснома ҳангоми даромаду баромад, иттилооти сафарро ба таври автоматӣ сабт мекунад. Аз ҷумла, сана ва макони вуруд ва хуруҷ, ҳолатҳои рад шудани вуруд, маълумоти биометрӣ, яъне гирифтани акс ва изи ангуштон, нусхабардорӣ кардани шиноснома.
Ҳангоми убури аввалин аз марз, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аз қайди аввал гузаранд, ки пешниҳод кардани маълумоти биометрӣ ва шиноснома талаб карда мешавад.
Ин система барои шаҳрвандони кишварҳое пешбинӣ шудааст, ки бо визаи кӯтоҳмуддат (то 90 рӯз дар 180 рӯз) ба минтақаи Шенген сафар мекунанд. Онҳое, ки раводи дарозмуддат, иҷозати зист (ВНЖ) ё шаҳрвандии кишварҳои ИА доранд, тариқи навбатҳои алоҳида аз назорати сарҳадӣ мегузаранд.
Мақсади асосии ин система, ба гуфтаи масъулони Комиссияи Аврупо, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ошкор кардани нафароне, ки мӯҳлати будубошро риоя намекунанд, пешгирӣ аз сохтакории шиноснома ва ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва назорати сарҳадӣ роҳандозӣ шудааст.
Ин низом то 10 апрели соли 2026 ба таври комил ҷорӣ гардида, системаи муҳргузории дастиро пурра иваз хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube