Рубрики Хабарҳо

Беш аз 40 нафар тайи се ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул кушта шуданд

Бар асари вуқӯъи се инфиҷор дар дафтари як хабаргузорӣ дар Ғарби Кобул, пойтахти Афғонистон дасти кам чищил нафар ҷон бохта ва шумори зиёде низ захмӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Садои Афғон, бар асари вуқӯъи се инфиҷор дар дафтари ин хабаргузорӣ дар ғарби Кобул, дасти кам чищил нафар, аз ҷумла теъдоди зиёде аз донишҷуён ва 3 хабарнигор кушта шуданд.

Ин инфиҷор дар бинои хабаргузории «Садои Афғон» ва «Маркази фарҳангии тибён» рух дода, бештари қурбониёни ҳамлаи интиҳорӣ аз ширкаткунандагон дар як гуфтумони илмӣ-пажӯҳишие гузориш шуда, ки дар ҳоли баргузорӣ буд.

Дар ибтидо, ҳудуди соати 09:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ, як ҳамлаи интиҳорӣ рух дод ва ҳамлаи дуввум дақоиқе пас аз он ба вуқӯъ пайваст.

Замоне ки мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва худравҳои полис дар ҳоли интиқоли ҷонбохтагон ва маҷрӯҳон аз маҳалли ин ҳодиса буданд, инфиҷори севумӣ низ рух додааст.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *