Рубрики Хабарҳо

Серфурӯштарин телефони мобилӣ —тамғаи Nokia 1100

1. Дар дунё бори аввал тариқи телефони мобилӣ соли 1973 занг зада буданд. Дар ИМА соли 1983 бори аввал телефони мобилӣ ба фурӯш гузошта шуд. Як донааш чор ҳазор доллар буд. Телефони мобилии тамғаи  Nokia 1100 серфурӯштарину маъмултарин ҳисобида шудааст, чунки зиёда аз 250 миллион дона фурӯхта шудааст.

2.Давлате, ки 95 фоизи одамонаш аз вазни зиёдати ранҷ мебаранд, Науру аст. Ин ҷо қариб ҳама фарбеҳанд.

3. Дар давлати Канада се миллион кӯл вуҷуд дорад. Ин 60 фоизи тамоми кӯлҳои дунёст. Воқеан Канада аз ҷиҳати саводнокии мардумонаш ҳам дар ҷойи аввал қарор дорад. Ливия бошад аз ҳама давлати хушк аст. 99 фоизи ин сарзамин биёбон аст.

4. Дар истеҳсоли кислород ҷойи аввалро Россия мегирад, ин ба шарофати ҷангалҳои анбӯҳи Сибир аст.

5. Дар давлати Гаити, қариб ки ҷангал намондааст. Ҳамаашро буридаанд.

6. Баъзе кишварҳоро шаҳрдавлат мегӯянд. Масалан аз ҳама шаҳрдавлати калон Сингапур ва аз ҳама хурдакакаш Ватикан аст.

7. Хушбахтӣ дар сарват нест. Масалан аз ҳама давлати мардумаш хушбахт ва мамнун  Колумбия ҳисобида мешавад, аммо ин давлат бисёр ҳам камбағал аст.

8. Давлати бойтарини дунё Катар аст. Камбағалтарин бошад Того.

9. Дар кишвари Монакко он қадар дӯстдорони санъат зиёданд, ки сафи санъаткоронаш аз сафи аскаронаш ҳам зиёд аст. Дар давлати Коста Рика артиши миллӣ вуҷуд надорад.

10. Миёни давлатҳои Аврупо аз ҳама камбағалаш Украина ҳисобида шудааст.
11. Грузинҳо номи давлаташонро Грузия намегӯянд, балки Сакартвело мегӯянд.
12. Дар Грузия ба  лифт савор шуда боло баромадан пулакӣ аст. Фаромаданаш ройгон.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *