11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ таҳқиқи ҳалокати 18 нафар дар Қарақалпоқистон шуд

Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ва мақомоти Амрико хоҳони таҳқиқи мустақилонаи ҳалокати камаш 18 нафар дар эътирозҳо дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон шуданд.

Ба гуфти Бачелет «Гузоришҳо дар бораи хушунатҳои ҷиддӣ дар ҷараёни тазоҳурот, аз ҷумла куштор, хеле ташвишоваранд.»

Вай ҳамзамон аз мақомоти Узбекистон хостааст, ҳама гуна иттиҳомҳоро дар бораи амалҳои ҷиноӣ, аз ҷумла қонуншикании маъмурони интизомӣ фавран ва ба таври шаффоф бисанҷанд.

Иёлоти Муттаҳида дар изҳороте ҷудогона аз рӯйдодҳои Қарақалпоқистон ибрози нигаронӣ карда, аз ҷонибҳо хостааст, ба «ҳалли осоиштаи» танишҳо ва худдорӣ аз идомаи хушунат бикӯшанд.

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ, аз мақомоти Узбекистон талаб карда, ки таҳқиқи ҳамаҷониба, боварбахш ва шаффоф анҷом диҳанд.

Мақомоти Узбекистон рӯзи 4-уми июл гуфтанд, дар нооромиҳо дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар захмӣ шуданд. Додситонии кулли Узбекистон дар бораи боздошти беш аз панҷсад кас хабар дод.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи ислоҳҳоро ба Конститутсияи он кишвар ба баррасии умум гузоштанд. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *