Рубрики Хабарҳо

Мақомоти Туркманистон ба ноболиғоне, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, иҷозаи хурӯҷ намедиҳанд

Хадамоти муҳоҷирати Туркманистон кӯдакони ноболиғеро, ки аз соли 2015 то 2022 ба тариқи соддашуда шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, иҷозаи аз кишвар хориҷ шудан намедиҳанд.

Пас аз сафари раисиҷумҳури нави Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ба Маскав дар моҳи июни соли ҷорӣ Хадамоти муҳоҷирати Туркманистон ба қабули ҳуҷҷатҳо барои додани шиноснома аз афроде, ки аз соли 2003 то соли 2015 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, фаъолона оғоз кард. Аммо онҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, ҳанӯз ҳам наметавонанд аз Туркманистон берун раванд.

Расонаҳое, ки ин қазияро пайгирӣ кардаанд, менависанд, кормандони бахши муҳоҷират аз додани шиносномаи туркманӣ ба кӯдаконе, ки волидонашон душаҳрвандӣ доранд, худдорӣ мекунанд ва аз волидон талаб мекунанд, ки онҳо аз яке аз шаҳрвандии худ даст кашанд.

Русия ва Туркманистон моҳи декабри соли 1993 созишномаи байнидавлатӣ дар бораи душаҳрвандӣ ба муҳлати 5 сол бо тамдиди худкор ба панҷ соли минбаъда имзо карданд. 10 апрели соли 2003 президенти Русия Владимир Путин бо Сафармурод Ниёзов, президенти ҳамонвақтаи Туркманистон қатъи созишномаи байнидавлатӣ дар бораи душаҳрвандиро имзо карданд, аммо Думаи давлатӣ онро тасвиб накард.

Дар ҳамон сол Туркманистон ба таври якҷониба эътироф накардани низоми душаҳрвандиро эълон кард. Русия то соли 2015 додани шиносномаи русӣ ба шаҳрвандони Туркманистонро идома дод, ки боиси ихтилофи ду кишвар шуд. Аз ҷумла, мақомоти Туркманистон аз додани аснод ба нафарони дорои душаҳрвандӣ худдорӣ карда, талаб карданд, ки онҳо як шаҳрвандиро интихоб кунанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *