Блогери маъруф ва фаъоли сиёсӣ Муҳамад Тағоев, ки бо мавзӯъгириаш алайҳи сиёсатҳои режими Эмомалӣ Раҳмон маъруф аст, дар Қазоқистон боздошт шуд.
Дар ин бора худи ӯ бо пахши мустақим дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.
Тағоев дар ҳоле, ки занҷири дасташро намоиш медод, гуфт ҳамин ҳоло дар боздошт шудааст ва хоҳиш кард ин боздошт расонаӣ шавад.
Аммо ин баромади онлайнии ӯ зуд аз саҳифааш ҳазф шуд.
Паём кӯшид бо ӯ тамос гирад, аммо Тағоев ба занги мо посух надод.
Мессенҷери фейсбукаш нишон медиҳад, ки ӯ дар хат аст, аммо ба паёмакҳо ҳам ҷавоб намедиҳад.
Паём қазияро пайгирӣ карда, хонандагонро дар ҷараён хоҳад гузошт.