Рубрики Хабарҳо

Русҳо 5 воксин барои коруно тавлид кардаанд

Муовини сарвазири Русия ва раиси ниҳоди Муқовимат ба паҳншавии сирояти коруновирус эълом кард, ки донишмандони русӣ дар ҳоли кор бар рӯи панҷ намунаи аввалия аз ваксина барои ин вируси нав ҳастанд.

Тавре нашрияи русии Известия менависад, донишмандони русӣ то ҳол панҷ намунаи аввалия аз ваксина барои коруновируси “Covid-2019”-ро тавлид кардаанд.

Татяна Галикова, муовини сарвазири Русия, ки раёсати ниҳоди Муқовимат ба паҳншавии сирояти корунавирусро ҳам бар уҳда дорад, бо эъломи ин матлаб, гуфтааст: “Истеҳсоли ин ваксинаҳо акнун дар мароҳили аввалияи кор аст ва ҳангоме, ки натоиҷи мушаххастаре ба даст оварем, ин масъаларо фавран эълом хоҳем кард”.

Муовини сарвазир ёдовар шуд, ки донишмандони русӣ қаблан намунаи вируси ҷадиди коруноро барои кор ва тавлиди ваксина барои муқобила бо он дарёфт карда буд.

Пеш аз ин, Созмони тандурустии ҷаҳонӣ гузориш дода буд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ дармони муассире барои коруновирус вуҷуд надорад. Озмоишҳои клиникии мухталифе дар ҳоли ҳозир дар ҳоли анҷом аст ва тавлиди як ваксина ба омӯзишу коркарди 1.5 сола вақт ниёз дорад.

Раиси Вазорати тандурустии Амрико ҳам рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки донишмандони амрикоӣ тавлиди ваксина алайҳи коруновируси ҷадидро дар муддати як сол такмил хоҳанд кард.

Сафири Чин дар Русия ҳам чанд рӯз қабл гуфта буд, ки  мутахассисони ин кишвар аз қабл ваксина сохтаанд, ки ба таври муқаддамотӣ сабаби эҷоди системи эминӣ дар баробари коруновирус мешавад, аммо ин ваксина ниёз ба ислоҳ ва анҷоми озмоишҳои зиёд дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *