Рубрики Хабарҳо

Кӣ сабабгори вируси воҳима дар Тоҷикистон шуд?

Ду рӯзи охир Тоҷикистон ба як бозори бузург табдил шудааст. Ҳама мехаранду захира мекунанд. Воҳимаи вирус саросари кишварро фаро гирифтааст ва мардум ба бозору мағозаҳо рехтаанд то захира кунанд. Қимати орд дар як шабонарӯз то 30 дарсад боло рафт ва субҳи имрӯз мақомот ба ордфурӯшиҳо супориш доданд дӯконҳои худро банданд ва аз фурӯши орд худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо мерасанд, ки ин бӯҳронро кормандони мақомот ба бизнеси шахсӣ табдил додаанд. Ҳарчанд фурӯши орд мамнӯъ шудааст, кормнадони ВКД ва КДАМ, ки маъмури иҷроиши ин амр ҳастанд, бо гирифтани ришва ба фурӯши пинҳонии орд иҷоза медиҳанд. Барои мисол як манбаъ аз бозори “Автобаза”-и Душанбе гуфт, ки 10 корманди пулисро гузоштаанд то аз фурӯши орд ҷилавгирӣ кунанд. Онҳо дари асаосиро баста, аз дари дигар ба фурӯши орд ба онҳое машғуланд, ки барояшон ришва медиҳанд.   

Манобеъ ва хонандагони Паём аз гӯшаву канори кишвар хабар медиҳанд, ки мағозаҳои ордфурӯшӣ баста шудаанд ва гурӯҳ гурӯҳ мардум аз бозор ба бозор ва мағозаву анбор мегарданд, то орд пайдо кунанд. Кишварро вирус фаро гирифтааст, вируси тарс. Тарс аз коруно ва гуруснагӣ дар натиҷаи расидани он.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриди ибтило ба вируси коруно ба қайд гирифта нашудааст ва ҷое барои нигаронӣ вуҷуд надорад. Аз шуйӯъи вирус дар Чин дувуним моҳ ва дар Эрон ду ҳафта гузашт вале ҳангомаи он дар Тоҷикистон дирӯз шурӯъ шуд ва дар чанд соат ба авҷи худ расид. Чаро? Чӣ сабаб шуд, ки мардум якбора ба таҳлука афтад ва бо бозору мағозаҳо резад?

Ҳамаш аз он шурӯъ шуд, ки мақомот намози ҷамоъат дар масоҷидро мамнӯъ эълон карданд. Дар ҳоле, ки даъво доранд ҳанӯз ҳеҷ нафаре дар кишвар мубтало нашудааст. Аз ин мамнӯъият мардум хулосаи дигар баровард: вирус дар кишвар паҳн шудааст, аммо мақомот онро пинҳон медоранд. Ва шурӯъ шуд. 

Ин тахмин овозаҳои зиёдеро байни мардум ба вуҷуд овард. Ҳоло аз 11 ҷонбохта бар асари куроно ва гирифтории ҳазорҳо нафар ҳарф мезананд. Дар бархе навоҳӣ овоза паҳн шудааст, ки чанд нафар гирифторро барои ҳабс кардан дар минтақаи беодам ба пойтахт бурдаанд. 

Ҳоло чаро мақомот дари масоҷидро бастанд ва оё овозаҳо воқеъият доранд? 

Ба андешаи мо бастани дари масоҷид камтарин бастагие ба вируси коруно надорад. Кумитаи дин бо раҳбарии муовини раиси КДАМ генерал Амирбек Бекназаров, ки курсии муовинии раиси ин кумитаро низ ишғол кардааст, чанд соли охир як вазифа дорад: бастани масоҷид ва ҷилавгирӣ аз ибодату таълими динии мардум. Карантини вирус дар кишварҳое, ки он паҳн шудааст ва чораҳои эҳтиётӣ дар кишварҳои дигар ба ин кумитаи зиддидинӣ низ шонс овард, то ба орзуи деринааш бирасад: бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз вирус ба дарҳои тамоми масоҷид кулф зад. 

Бекназарови амниятӣ вазифаи худашро бо камоли майл иҷро кард. Ӯ коре ба авоқиби он надорад, чун мушкили ӯ нест. Ӯ ба гуфтаи худаш “сарбози ҳукумат” аст (кадом ҳукумат ҷои баҳс аст, албатта) ва вазифаи ба дӯшаш гузошташударо бо камоли майл ва хушнудӣ иҷро мекунад. 

Шӯрои уламо ҳам бидуни ҳеҷ эътирозу таҳлиле ин тасмими Бекназаровро пазируфт. Аслан сабаби вуҷуд ва вазифаи аслии ин шӯро пазируфтани ҳама тасмимҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебошад ва ҳарф задан дар бораи он сарфи беҳудаи вақту аъсоб аст.

Чун дар Тоҷикистон маркази ягонаи тасмимгирӣ вуҷуд надорад, ҳар ниҳод тасмимро бо дарназардошти манофеъи худаш (аниқтараш раҳбараш) мегирад. Танҳо баъди маълум шудани он ки тасмим нодуруст будааст ба таҳлили он мепардозанд. Ҳоло тасмими як генерал, ки худашро молики масоҷиди кишвар пиндоштааст, кишварро ба бӯҳроне ворид сохт, ки авоқиби онро пешгӯӣ кардан имкон надорад. 

Ҳоло тамоми мақомоти кишвар сафарбар шудаанд, то аз авоқиби хатарноки тасмими ақмақонаи як генерал пешгирӣ кунанд. Вазорату кумитаҳо аз вуҷуди захираи дусола ҳарф мезананд, васоити ахбори омма мекӯшанд мардумро ором кунанд, раисони навоҳӣ ва сардорони мақомоти интизомиву амниятӣ ба назди анбору бозорҳо сафарбар шудаанд, то ба мардум кафолат диҳанд, ки бӯҳроне дар назар нест. Аммо касе боварашон намекунад. Чун ин мардум дар 27 соли ҳукумати ин режим мутмаъин шудааст, ки ин ин режим ҳаргиз ҳарфи ростро намегӯяд. 

Чаро мо ба ин назарем, ки тасмими бастани масоҷид аз тарафи як генерал гирифта шудааст?

Масҷид аз амнтарин макони ҷамъшавии одамон аст. Бо чанд далел: 

1. Пеш аз рафтан ба он одамон вузӯъ мегиранд, ки яке аз омилҳои пешгирии паҳншавии вирус аст;

2. Ҷамъшавии мардум дар масоҷид беш аз ним тӯл намекашад;

3. Дар масҷид гуфтугӯи рӯбарӯ, ки яке аз сабабҳои аслии гузаштани беморист, бисёр кам воқеъ мешавад, чун ҳарф задан дар он мамнӯъ аст;

4. Масоҷид аз тамизтарин маконҳои ҷамъиятианд;

5. Дар масҷид хӯрокхӯрӣ, ки бо ҳам хӯрданаш сабаби гузаштани вирус аст, вуҷуд надорад… ва ғайра.

Дар ҳамин ҳол ҷойҳои ҷамъиятии дигар, ки имкони паҳншавии беморӣ дар онҳо садҳо баробар бештар аз масҷид аст, кушода боқӣ мемонанд – бозорҳо, макотиб, дискоклубу маконҳои тафреҳӣ ва ғайра. Касе ҳанӯз дар фикри бастани онҳо нест. Чун ҳоло хатаре вуҷуд надорад. Аммо чун баҳонаи бастани масҷид пайдо шуд, зуд онро бастанд.  

Қаблан ҳам ин гуна бӯҳронҳо дар натиҷаи овозаҳо ба вуҷуд омада буданд. Масалан овозаи заминларза мардуми Душанберо шаби дароз дар кӯча нигоҳ дошта буд. Вале чун овоза буданаш маълум шуд, мардум зуд ором шуданд ва ба хонаҳои худ баргаштанд. 

Аммо вируси коруно овоза нест. Он бо суръат дар ҷаҳон паҳн мешавад ва воҳимааш ҷаҳонро гирифтааст. Бовар кунонидани мардум ба ин ки ин вирус ба он ҳаде, ки тасвир мешавад даҳшатнок намебошад, кори саҳле нест. Барои ин, агар муваффақ ҳам шуданд, чанд рӯз ё ҳатто ҳафта лозим аст.

Аммо дар ин муддат воҳимаи он метавонад зиндагии мардум дар кишварро ба ҳам занад ва ҳатто боиси сар задани нооромиҳо гардад.   

Замоне, ки ин навишта омодаи нашр мешуд, манбаъи Паём аз Душанбе хабар дод, ки вуруд бо мошинҳо ба тамоми бозорҳои кишвар баста шуда, ба мардум иҷоза медиҳанд танҳо пиёда вориди бозорҳо шаванд. То аз хариди зиёди маҳсулот ҷилавгирӣ кунанд. Манбаъ мегӯяд, қимати равғану шакару макарон низ бо суръат боло меравад. 

Як корбари фейсбук дар саҳифааш навиштааст: Шумо дари хонаҳои Худоро бастед, Худо дари оромишро ба рӯи шумо баст.    

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *