Давлати Олмон рӯзи чаҳоршанбе бо барномаи муҳоҷирать мувофиқат кард, ки ба даҳҳо ҳазор муҳоҷири сокини ин кишвар имкон медиҳад иҷозаи иқомати доим дарёфт кунанд.
Муқаррароти ҷадид, ки ба тасвиби кобинаи давлати федерали Олмон расид шомили ҳудуди 136 ҳазор муҳоҷире мешавад, ки пеш аз рӯзи аввали январи соли 2022 ҳадди ақал панҷ сол дар ин кишвар зиндагӣ кардаанд. Ин гурӯҳ аз муҳоҷирон, ки иҷозаи иқомати доим надоранд метавонанд дар ибтидо дархости дарёфти иҷозаи иқомати яксола бикунанд ва сипас дархости иҷозаи иқомати доими худро ироа кунанд.
Аз ҷумла шароити таъйиншуда барои ин муҳоҷирон касби даромади кофӣ дар Олмон барои таъмини зиндагии мустақил, донистани ба забони олмонӣ ва исботи идғом ва ҷо афтодан дар ҷомеаи Олмон аст.
Нэнси Фазер, вазири кишвари Олмон дар бораи тасвиби муқаррароти муҳоҷиратии ҷадид гуфт: “мо мехоҳем он даста аз афрод, ки ба хубӣ дар ҷомеа идғом шудаанд фурсатҳои хубе дар кишварамон дошта бошанд.”
Вай афзуд: “дар ҳамин росто ба билотаклифӣ барои он даста аз афрод, ки ҳамин ҳоло бахше аз ҷомеаи мо шудаанд поён медиҳем.”
Муқарраротм муҳоҷиратим ҷадид ҳамчунин раванди омӯхтани забони олмониро барои паноҳҷуён осон мекунад. Пеш аз ин танҳо гурӯҳе аз паноҳҷуён, ки эҳтимолм мувофиқат ба дархости паноҳандагии онҳо ба таври ҷиддӣ вуҷуд дошт, метавонистанд дар дарсҳои забон сабти ном кунанд.
Давлати эътилофии Олмон илова бар ин шароити муҳоҷирати коргарони моҳир ва хонаводаҳояшон ба ин кишварро осонтар кард. Бар ҳамин асос он даста аз коргарони моҳир монанд мутахассисон фановарии иттилоот ё коргароне, ки ниёз ба кори онҳо дар Олмон вуҷуд дорад, метавонанд ба ин кишвар муҳоҷират кунанд. Аъзои хонаводаи ин коргарони моҳир ниёзе ба исботи тасаллуташон ба забони олмонӣ нахоҳанд дошт.
Вазири кишвари Олмон ҳадаф аз ин муқаррароти ҷадидро “ҷазби сареъ”-и коргарони моҳир донист. Вай таъкид кард, ки Олмон дар “бисёре аз бахшҳо” ба кори ин коргарон ниёз дорад.
Барномаи муҳоҷиратии ҷадиди давлати Олмон ҳамчунин ихроҷи он даста аз муҳоҷиронро, ки муртакиби ҷурм шудаанд осон мекунад.