Рубрики Хабарҳо

Дороиҳои Ғаннушӣ ва 9 нафари дигар дар Тунис масдуд шуд

Тунис ҳисобҳои бонкии раиси ҷунбиши Наҳзат ва чанд тани дигарро масдуд кард. 

Кумитаи бозрасии молии бонки марказии Тунис баёнияеро бо имзои Марвон Ал-Абосӣ, раиси бонки марказии ин кишвар ба бонкҳои Тунис ирсол кард. 

Бар асос ахбори мунташиршуда дар расонаҳои Тунис, ба ҳукми қозии бахши мубориза бо терроризми додгоҳи Тунис, дороиҳои 10 нафар дар ин кишвар аз ҷумла Рашид Ал-Ғаннушӣ раҳбари ҷунбиши Ан-Наҳза ва писараш, Ҳамоди Ҷиболӣ, нахуствазири собиқи Тунис ва ду духтараш дар бонкҳои ин кишвар масдуд шудааст. 

Ҳанӯз Ал-Ғаннушӣ ва афроде, ки ҳисобҳояшон блок шудаааст дар ин замина изҳори назар накардаанд. 

Қайс Саид, раисҷумҳури Тунис шаби 25 июли 2021 тайи тасмими ногаҳонӣ, ки аз телевизиони ин кишвар эълом кард Ҳишом Ал-Машишӣ, нахуствазири ин кишварро барканор ва фаъолияти парлумонро таълиқ кард. 

Дар пайи ин иқдоми Саид, Рашид Ал-Ғаннушӣ раиси Маҷлис ва раиси ҳаракати Ан-Наҳза ва ҷамъе аз намояндагон ба парлумон рафтанд аммо артиш монеъи вуруди онон ба бинои маҷлис шуд. 

Баъд аз он тазоҳуроти эътирозӣ дар пойтахт ва бархе аз шаҳрҳои Тунис тавассути тарафдорони Ғаннушӣ баргузор шуд. 

Саид дар он замон гуфт, ки қонуни асосии ин кишварро бо қонуни ҷадид ва аз тариқи ҳамапурсӣ дар 25 июл ҷойгузин хоҳад кард ва интихоботи парлумони ҷадид низ дар моҳи декабр баргузор хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *