Рубрики Хабарҳо

Мақомот ҷасади як сокини Роштқалъаро, ки ба бозпурсӣ даъват шуда буд, ба наздиконаш супурдаанд

Масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ҷасади як сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ-ро, ки рӯзи 6-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуда буд, ба наздиконаш супурдаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Пайвандони Абдураҳим Гулобови 68-сола гуфтаанд, ӯ ба пинҳон доштани туфанги шикорӣ гумонбар буд, «ҳарчанд онро надошт». Мақомоти интизомӣ сабаби маргашро шарҳ намедиҳанд, аммо дар гузашта чунин мавридҳоро ба сактаи дилу муътодӣ ё кӯшиши гурехтани гумонбарон рабт додаанд.

Абдураҳим Гулобов рӯзи 7-уми июл дафн шудааст. Яке аз наздиконаш дар суҳбати хаттӣ ба манбаъ гуфтааст, ҳангоми қабули ҷасад чанд бор аз мақомот пурсиданд, ки ба Абдураҳим Гулобов чӣ рӯй дод, вале дар посух шунидаанд, ки «ба хабарнигорон гап назанед, овоза накунед».

«Ҳамин тавр, рӯшан нашуд, ки дар вақти бозпурсӣ чӣ иттифоқ уфтодааст. Абдураҳим Гулобов сиҳату саломат буд ва ҳеч шикояте надошт,» – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ, ки ба далоили амниятӣ нахост номаш зикр шавад.

Вай ҳамзамон афзудааст, Муталиб, писари Абдураҳим Гулобов, низ ба иттиҳоми пинҳон доштани туфанги шикорӣ ба бозпурсӣ даъват шуда, барои гӯру чӯби падараш танҳо ду рӯз ба хона баргаштааст.

Вилояти Бадахшон дар моҳи майи имсол шоҳиди тазоҳуроти мардуми норозӣ ва амалиёти ба гуфтаи мақомот зиддитеррористӣ буд. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 16 кас кушта ва беш аз 200 нафар дастгир шудаанд. Сокинон омори қурбониёнро бештар аз ин мегӯянд.

Чанд сокини ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи ВМКБ шикоят карданд, ки бо вуҷуди эълони расмӣ дар бораи поёни амалиёт, ҳанӯз таъқибу боздошти сокинон дар минтақа ҷараён дорад. Мақомот дар ин бора шарҳе намедиҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *