Иди азҳои мусалмон, таҳният бод Иди Қурбон!
Иди пирӯзии имон, таҳният бод Иди Қурбон!
Номи Иброҳим баланд аст, дар муҳаббат бегазанд аст,
Эй, қаробатҷӯйи Раҳмон, таҳният бод Иди Қурбон!
Иди пирӯзии имон ва муҳаббати Аллоҳ дар дили аҳли уммати Расулаллоҳ, бар кулли миллати Иброҳими Халилуллоҳ фархунда бошад.
Имрӯзу рӯзҳои дигар чеҳраҳои нурониатон пурханда, ғамҳои дунёи гузарон бар гузашта афканда, дилҳо ҳама аз фараҳ оганда ва назарҳо аз меҳрубонӣ тобанда бошад.
Душманатон дилкандаву пароканда ва дӯсти имониву ҷониатон ҳамроҳи имрӯзу оянда бошад!
Ҳар амалу дуову ниёишу ниёти хубатон фардои имтиҳон то биҳишти ҷовидон намоянда бошад!
Бо дархости мустаҷоби дуои модарони чашминтизор, муҳоҷирони дур аз диёр, ёрони ташнаи дидор ва тифлакони бар меҳри падар зор, дасти дуо мебардорем.
Аз инояти Парвардигори одил, бар ҳамагон сарҷамъии комил, раҳнамои оқил ва солимии ҳамешагии дил таманно мекунем.
Омин!
Бо эҳтироми хоса, ҳайъати эҷодии ТВ Паём