Рубрики Хабарҳо

Пешнависи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар маҳкумияти ҳамлаи шимиёии низоми Асад ба Хон Шайхун

Пешнависи ҳафтмодаии Амрико, Биритониё ва Фаронса дар бораи ҳамлаи шимиёвӣ ба шаҳраки Хон Шайхун дар устони Идлиби Сурия, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 100 нафар шуда, қарор аст дар Шӯрои амнияти Созмон милали муттаҳид ба раъй гузошта шавад.

Ал-арабия бо такя ба манобеъи дипломатикӣ мегӯяд, ки ин пешнавис рӯзи чаҳоршанбе, 5 апрел ба раъй гузошта хоҳад шуд.

Дар ин пешнавис ҳамлаи шимиёвии Идлиб, ки сешанбе 4 апрел рӯй дод, ба шадидтарин лаҳн маҳкум шуда ва бар лузуми посухгӯ будани масъулони ин ҳамла таъкид шудааст.

Дар ин пешнавис аз Созмони манъи истифода аз силоҳҳои шимиёвӣ хоста шудааст, то гузориш аз ин ҳамларо ҳарчӣ зудтар мунташир кунад.

Ҳамчунин аз низом Сурия ба раёсати Башор Асад ва дигар тарафҳо хоста шуда, то бо комиссиюни таҳқиқ ҳамкорӣ кунанд. Пешнависи ин қатънома ҳамчунин аз низоми Сурия хоста то сурати тамоми парвози ҷангандаҳо ва ном халабонҳо дар рӯзи 4 апрелро ба комиссиюни таҳқиқ ироа дода ва дар сурати дархости тартиби мулоқоти мақомоти комиссиюн бо халабонҳо, зарфи 5 рӯз имкони ин мулоқотро фароҳам кунад.

Дар поён ин пешнавис аз Дабири кулли Созмони милали муттаҳид мехоҳад то гузориши моҳонае аз ҳамкории низоми Сурия ва таҳримҳои ин кишвар таҳти мода 7-ро омода кунад.

Дар ҳамлаи шимиёвӣ ба шаҳраки Хон Шайхун дар устони Идлиб, беш аз 100 нафар кушта ва 500 нафар захмӣ шудаанд.

Ин пешнавис дар ҳоле таҳия шудааст, ки Амрико, Биритониё ва Фаронса низоми Сурияро омили ҳамлаи шимиёвии рӯз се‎шанбе ба шаҳраки Хон Шайхун донистаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *