Рубрики Хабарҳо

Эрон ҳудуди 18 ҳазор муҳоҷири афғонро ба Толибон супурдааст

Фармондеҳи марзбонии Хуросони Разавии Эрон эълом кард, ки 17 ҳазору 926 муҳоҷири афғон аз тариқи гузаргоҳи марзии Тайбод ихроҷ шуданд. 

Маҷид Шуҷоъ ба хабаргузории ИРНА гуфтааст марзбонон тайи 10 рӯзи гузашта ин муҳоҷирони “ғайриқонунӣ”-ро ба Толибон супурдаанд. 

ИРНА, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе 12 июл ба нақл аз Маҷид Шуҷоъ навишт: “марзбонони гузаргоҳи марзии Тайбод тайи 10 рӯзи гузашта ин теъдоди табааи ғайриқонуниро аз тариқи марзи Доғарон таҳвили намояндаи кишвари Афғонистон доданд.” 

Пас аз рӯй кор омадани Толибон, ҳазорон нафар ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Эрон рафтанд. Ҷумҳурии Исломӣ аммо теъдоди қобили таваҷҷуҳеро ихроҷ ва ба Афғонистон бозгардондааст. 

Фармондеҳи марзбонии Хуросони Разавӣ гуфтааст бо муҳоҷироне, ки ба сурати ғайриқонунӣ вориди Эрон мешаванд, бархурди қотеъ сурат мегирад. 

Устони Хуросони Разавӣ ҳудуди 302 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *