Рубрики Хабарҳо

Ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров 10 соли дигар афзуданд

Бузургмеҳр Ёров, вакили маъруфи дифоъ ва зиндонии сиёсӣ бо иттиҳоми нави “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба даҳ соли дигари зиндон маҳкум шудааст.

Дар ин бора хабар дода, менависад, ки мурофиа рӯзи 10-уми июл таҳти раёсати додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат дар Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баргузор шудааст. Наздикони адвокати зиндонӣ гуфтаанд, мурофиа бидуни ҳузури онҳо гузашт.

Мақомот дар бораи мурофиа ва ҳукм расман иттилое надодаанд.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва масъули бунёди “Бузургмеҳр” ба ин расона гуфтааст, ки ҳукм “бераҳмона” аст.

“Махфӣ баргузор кардани мурофиа як туҳмат ва бо зӯр таҳмил кардани ҷурме аст, ки Бузургмеҳр накардааст. Бузурмеҳр адвокат надошт ва азбаски мурофиа пӯшида гузашт, аз ҷузъиёти мурофиа хабар надорем. Хабаре, ки дастрас кардем ин аст, ки аз ин 10 соли зиндон 2 солашро дар Боздоштгоҳи пӯшида ва 8 соли боқимондаро дар маҳбаси Ёвон адо хоҳад кард”, — афзудааст Ҷамшед Ёров.

Гуфтан ба маврид аст, ки алайҳи Бузургмеҳр Ёров дар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов, як зиндонии маҳбаси “Ваҳдат” парвандаи нави қаллобӣ кушода буданд. Ҳасан Ҳасанов даъво кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодӣ аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст.

Қаблан Бузургмеҳр Ёров дар як номааш аз зиндон даъвои Ҳасан Ҳасановро тӯҳмат номида буд.

Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас қарор дорад. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.

Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *