Оё қочоқи мол ҳамеша бад аст?
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон басташавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистонро як сабукӣ номида гуфтааст, басташавии сарҳадҳо қочоқи молу маҳсулот байни ду кишварро ба таври чашмрас кам кард.
Оё аз байн рафтани қочоқ ба нафъи кишвар ва иқтисоду буҷаи он аст ва оё қочоқ ҳамеша бад аст?
Қочоқ дар зоти худаш ва дар умум бад ва дар баъзе ҳолатҳо ҷиноят аст, аммо гоҳе на танҳо бад нест, балки зарурӣ ва нафъи кишвару мардум аст. Дар ҳолати зикркардаи Каримзода, яъне дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ин кори бисёр хуб ва зарурист ва ҳукуматҳои ду кишварро лозим буд на барои бастани сарҳадҳо, балки барои қонунӣ кардани ҳамаи намуди додугирифт байни сокинони деҳаҳои наздимарзӣ ва аз боҷи гумрукӣ озод кардани онҳо мешуданд.
Агар ин имкон вуҷуд медошт, ки тамоми ё аксари ин додугирифтҳо контрол шуда аз онҳо боҷи гумрукӣ ситонида мешуд, ин албатта ба нафъи буҷаи кишварҳо мебуд. Аммо ҳатто дар ин сурат ҳам, беҳтар аст ин молҳо бидуни боҷи гумрукӣ додугирифт шаванд ва нафъи чунин додугирифт ба иқтисоди кишвар бештар аз додугирифти боҷбандишуда аст.
Зарари қочоқ ба давлат ин аст, ки аз он боҷи гумрукӣ ситонида намешавад ва маблағҳои зиёде ба буҷа ворид намешаванд.
Зарари дигари он ин аст, ки молҳои боҷбандишуда арзонтар тамом мешаванд, рақобатпазиртаранд ва бозорро барои молҳои ҳамсони боҷбандишуда танг мекунанд. Додугирифти сокинони наздимарзӣ ҳам расман қочоқ номида мешавад, агар байни ду кишвар созишномае дар ин маврид нест. Аммо он набояд қочоқ номида шавад ва таъқиб шаваду мақомдорон аз қатъ шудани он хушҳолӣ кунанд. Чун фоидаҳои ин “қочоқ” бамаротиб бештар аз зарарҳояш аст ва дар дарозмуддат ҳамон зарарҳояшро ҳам пурра ҷуброн мекунад.
Инак қисмате аз фоидаҳои он:
1. Нархи молу маҳсулотро дар навоҳии наздимарзӣ, ки умдатан аз шаҳрҳои бузург дур воқеъ шудаанд ва бинобар ин ҳамлу нақл гарон тамом шуда қиматҳоро боло мебарад, арзон мекунад;
2. Ҳазорҳо ҷои кор дар деҳаҳои наздимарзӣ меофарад;
3. Бинобар рафтуомади зиёд аз навоҳии дигар ба минтақаҳои марзӣ бозорҳои дохилӣ дар ин минтақаҳо шакл мегиранд;
4. Инфраструктура шакл мегирад;
5. Минтақа рушд мекунад;
6. Некӯаҳволии мардуми минтақа беҳтар мешавад;
7. Вобаста ба талаботи ҳамсояҳо ба молу маҳсулоти кишвар тавлиди он бештар мешавад ва соҳа рушд мекунад;
7. Муносибати мардуми ду ҷониби сарҳад хуб мешавад ва ғайра
Дар натиҷаи ин рушдҳо зараре, ки буҷа аз наситонидани боҷи гумрукӣ мебинад, аз ҳисоби андози садҳо соҳибкору ҳазорҳо коргари дигар, на танҳо барқарор мешавда, балки бамаротиб бештар мегардад.
Зарари дигар, яъне зарари қочоқ ба молҳои боҷбандишаванда ҳам ба ин намуди “қочоқ сидқ намекунад, зеро молу коло аз сарҳадҳои деҳаҳои наздимарзӣ бо ҳаҷми хурд ва аз ҷониби соҳибкорони хурд ворид мешаванд ва тақрибан бо ҳамон қимати колои боҷбандишуда тамом мешаванд.
Ба ин ҳарфҳои сардори Хадамоти гумрук, ки дар нишати матбуотӣ гуфтааст, диққат кунед:
“Дар замоне ки сарҳадҳо боз буд, қочоқи молу маҳсулот байни ду кишвар дар як дарҷаи муайян ҷой дошт. Ба ғайр аз қочоқи мол, дар бозорҳои наздисарҳадӣ аҳолии ду кишвар молу колоҳоро харидорӣ ва ғайриқонунӣ ба кишварҳои якдигар мегузарониданд. Танҳо дар бозори наздисарҳадие, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаст, 36 нуқтаи фуруши сӯзишворӣ ва мағозаҳои фурӯши яклухт ва хӯрока ҳисоб кардем. Қочоқи молу маҳсулот муташаккилона ба роҳ монда шуда буд. Бо баста шудани сарҳад дар ин самт баъзе сабукиҳо шуд. Қариб, ки қочоқ ошкор намешавад”.
Аз ин қочоқҳо буҷаи давлат даромад намегирифт, аммо садҳо нафарро бо даромади хубу ҷои кор таъмин карда буд ва нархро дар ин минтақа дар сатҳи поён нигоҳ медошт. Ҳоло бо баста шудани сарҳад буҷа ҳамон гуна, ки ҳеҷ даромаде аз он намегирифт, намегирад. Аммо садҳо нафар дар ин ноҳия ҷои кор ва тиҷорати худро аз даст доданд, ки дар натиҷа ба буҷа ҳам андоз намесупоранд ва табиист, ки буҷа ҳам зарар дид. Нархҳо болотар рафтанд ва сатҳи зиндагии мардуми маҳал поёнтар.
Хуб, сабукӣ шуд ё вазнинӣ, рафиқ Каримзода?
Абдуманнон Шералиев
Манбаъ: Фейсбук