Рубрики Хабарҳо

КУҶО АДЛУ КУҶО ИНСОФ?

Писари Бег Зуҳуров, қудои президент аз андоз 4 милион сомонӣ қарздор аст.

Дар шаш моҳ зиёда аз 158 милион сомонии буҷаро «обулой» кардаанд, ки бидуни шак мансабдорони давлатӣ аз чеҳраҳои калидии ин дуздӣ ҳастанд.

Далери Имомалӣ бошад, ба гуфти Шоҳиён, раиси суди олӣ, бо зиёда аз 96 ҳазор «қарз» аз андоз дар кунҷи зиндон аст.

Куҷо адолат, куҷо инсоф?

Қариб ҳар моҳ судяҳои Тоҷикистон чанд помириро бо тӯҳмат «говсуд» мекунанд.

Чанд мансабдори тоҷик, аниқтараш нисфи ҳукумат давоми 7 моҳ ба таъқиб ва куштори помириҳо машғуланд.  Помирро дар ин муддат дар муҳосира қарор дода, ҷойгаҳи хуну ашк кардаанд, маҳви мағзу ом доранд.

Улфатхонум Маҳмадшоева, журналист, фаъоли ҷамъиятӣ, ки тоқати ин беадолатиро накарду бар чаҳор тараф аз беҳуқуқӣ ва мазлумии мардум фарёд зад, масъулияти инсонӣ ва шаҳрвандиашро фаромӯш накард, «роҳбари гурӯҳи терористӣ» эълон шуд.

Завқибек Сайдаминӣ, ки аз таъқиби журналист натавонист лаб фурӯ бандад, муттаҳам ба алоқамандӣ ба ҳаракатҳои мамнӯъ.

Куҷо адолат, куҷо инсоф?

Абдусаттор Абирзода, ёвари прокурори Роштқалъа ба номуси як зани кӯҳистонӣ даст дароз мекунад, аммо бидуни ҳич танбеҳ ё ҷазо мемонад.

Аҳрор Мухторзода — яке аз прокурорҳои Бадахшон ба помириҳо мегӯяд, «аз 7 сола то 70 сола  ҳама помириҳоро» фалон мекунад, ҳанӯз дар ҳамон мансаб, дар ҳамон ҷой дар ҳамон вазифа.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Абдулло Ғурбатӣ гӯё пулисро итоат накарданду бо ишон зурӣ нишон доданд, даст дар занҷир. Ба ин хотир, ки дашному зурии пулисро тоқат накарданду ҷавоби лафзӣ доданд.

Куҷо адл, куҷо инсоф?

Даҳҳо тарғибгарони ҳукуматӣ аз журналист то мансабдор ҳоло аз телевизорҳову нашрияҳо бидуни қарори суд садҳо шаҳрвандро » ҷинояткор» — у «терорист» мехонанд, ба сабаби ҳаводори ҳукумат буданашон аз ҷазо дур.

Хушом Ғулом ва Муҳаммад Султон барои гуфтугӯ аз фарҳангу ҳақиқат, дифоъ аз ҳувияти хеш дар асорати мақомот.

Куҷо адлу куҷо инсоф?

Рустами Ҷонӣ

Манбаъ: фейсбук

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *