Рубрики Хабарҳо

Бозгашти нахустин гурӯҳи зоирон

Нахустин гурӯҳи зоирон дирӯз 17 июл пас аз адои маросими ҳаҷ аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд.

Ба гуфтаи Афшин Муқим, котиби матбуотии Кумитаи дини кишвар, ҳоҷиёнро дар фурудгоҳи Душанбе пайвандону наздиконашон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 июн пас аз танаффуси дусола бар асари пандемияи коронавирус нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафтанд.

Тибқи иттилои Кумитаи дин, имсол дар маҷмӯъ 3562 нафар ба Ҳаҷ рафтаанд. Дар солҳои пеш аз пандемия аз Тоҷикистон то 6000 зоир ба Ҳаҷ рафтаанд.

Нархи сафари Ҳаҷ имсол барои як зоир 60ҳазору 500 сомонӣ ё 5 ҳазору 350 доллар буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *