Categories Хабарҳо

Беморхонаҳои шаҳраки Истиқлол бе табиб мондаанд

Дар Истиқлол, собиқ Табошари вилояти Суғд беморхонаҳо қариб, ки бетабиб мондаанд. Валиназар Ғоибов, сартабиби шаҳр ба хабаргузории Спутник гуфтааст, ҳоло беморхона ва поликлиникаи Истиклол ба беш аз 70 табиб ниёз дорад. Ба ин 32 духтур ва 40 ҳамшираи тиббӣ дохил мешаванд.

Беморхонаҳои шаҳр ба мутахассисон ва терапевтҳои оилавӣ ниёз доранд. Дар шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ невропатолог, равонпизишк, нарколог, эпидемиолог, лор, офталмолог ва дерматолог намерасанд.

Ахолии шахр зиёда аз 18 хазор нафар аст. Барои ин миқдор нафар 12 табиби оилавӣ зарур аст. Аммо ҳоло дар Истиқлол танҳо ду нафар чунин мутахассис кор мекунанд.

Тибқи иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 17 пизишки оилавӣ лозим аст.

Ҳамин тавр, дар муассисаҳои тиббии шаҳри Истиқлол нарасидани кадрҳо хеле нигаронкунанда аст.. Ҳоло дар Истиқлол 22 табиб ва беш аз 80 ҳамшираи тиббӣ кор мекунанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *