Амрико мегӯяд русҳо ахиран аз паҳподҳои қодир ба ҳамли силоҳ дар Эрон боздид кардаанд то аз онҳо дар ҷанги алайҳи Укроин истифода кунанд. Путин протоколи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии Евразияро имзо кард.
Кохи сафед рӯзи шанбе 16 июл эълом кард, ки мақомоти Русия дар рӯзҳои 8 июн ва 15 июл дар фурудгоҳи Кошон дар устони Исфаҳон аз шуморе аз паҳподҳои Эрон боздид карданд.
Амрико ҳамчунин тасвирҳои моҳвораӣ аз паҳподҳои Шоҳид-191 ва Шоҳид-129-ро, ки дар ҳоли намоиш ва парвоз дар ин фурудгоҳ буданд, мунташир кард. Дар ҳоле, ки ҳавопаймои ҳайати русӣ низ рӯй замин нишаста буд.
Ин гузориш дар рӯзе, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар нишасти Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс (шомили Арабистони саудӣ, Баҳрайн, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Қатр, Уммон ва Қувейт) ширкат мекард, мунташир шуд. Бар асоси гузоришҳо, дар ин нишаст раҳбарони кишварҳои Миср, Урдун ва Ироқ низ ҳузур доштанд.
Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи сафед мегӯяд, ки давлати Амрико ба иттилооте даст ёфта, ки нишон медиҳад “Эрон дар ҳоли омодасозии чандсад паҳпод барои Русия аст.”’
Ӯ афзуд: “арзёбии мо ин аст, ки Русия ахиран маҷмӯае аз паҳподҳо бо қобилияти ҳамларо аз Эрон дарёфт кардааст.”
Салливан бо ишора ба интишори тасовири паҳподҳое, ки ҳайати русӣ аз онҳо боздид карда, мегӯяд ин, “нишондиҳанда алоқаи Русия ба дастёбӣ ба паҳподҳои эронӣ бо қобилияти ҳамла аст.”’
Мушовири амнияти миллии Кохи сафед гуфт мақомоти амрикоӣ бар ин бовар ҳастанд, ки моҳи июн, “аввалин боре буд, ки як ҳайати русӣ аз паҳподҳои Эрон дар ин фурудгоҳ боздид мекард.»
Ин мақоми аршад дар давлати Амрико ҳафтаи гузашта низ гуфта буд, ки “Эрон ба суръат худро омода мекунад то садҳо васоили нақлияи ҳавоӣ аз ҷумла паҳподҳои мусаллаҳро ба Русия таҳвил диҳад.”
Ҷумҳури Исломӣ то кунун борҳо паҳподҳои худро дар ихтиёри муттаҳидони минтақаии худ қарор додааст. Аз ҷумла онҳо, ҳусиҳои Яман ҳастанд, ки борҳо аз мушак ва паҳпод барои ҳамла ба марказе дар хоки Аморот ва тонкерҳои нафтии ин кишвар, киштиҳои тиҷорӣ, ҳамчун нафткаши исроилӣ ва хоки Арабистони Саудӣ, мисли таъсисоти ширкати нафти давлати Арамко истифода кардаанд.
Имзои Путин дар протоколи минтақаи озоди тиҷорӣ байни Эрон ва Евразия
Амрико дар ҳоле аз боздиди мақомҳои рус аз паҳподҳо дар Эрон парда бардошта, ки рӯзи ҷумъа, 15 июл расонаҳо дар Эрон навиштанд раисҷумҳури Русия, протоколи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии Евразияро имзо кард. Ин протокол, ҳафтаи гузашта дар Думаи Русия тасвиб шуда буд.
Иттиҳодияи иқтисодии Евразия шомили кишварҳои Қирғизистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Русия аст.
Протоколи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни Эрон ва иттиҳодияи иқтисодии Евразия пештар дар шаҳри остонаи Қазоқистон ба имзо расида буд ва Эрон моҳи март, камтар аз як моҳ пас аз оғози таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин онро тасвиб кард.
Ин протокол дар сурати иҷро, тиҷорат миёни Теҳрон ва Маскавро ба мизони қобили таваҷҷуҳе осон мекунад ва ба густариши бештари ҳамкорӣ миёни ду кишвар меанҷомад.
Дар ҳамин хусус, раиси Комиссиюни иқтисодии Маҷлиси Эрон ҳафтаи гузашта дар дидор бо муовини нахуствазири Русия гуфта буд, ки бо тасвиб ва иҷрои ин протокол, ‘”заминаҳои густурдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Эрон ва иттиҳодияи иқтисодии Евразия бо меҳварияти Русия фароҳам мешавад.”’
Ба ин тартиб, метавон гуфт, ки ҳамкориҳои низомӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Эрон ва Русия вориди марҳалаи ҷадиде шудааст.