Рубрики Хабарҳо

Қурби асъор ва қимати тиллову нафт барои имрӯз

 Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 19.07.2022 эълон кард.

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, дар бозори арзи кишвар 100 рубли русӣ 17 сомониву 18 дирам арзиш дорад.

Арзиши евро бошад, дар бозори арзи кишвар ҳоло 100 евро баробари 1051 сомониву 6 дирам қимат дорад. 

Арзиши доллари амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон, 100 доллар баробари 1037 сомониву 98 дирам мебошад. 

****

Қимати тилло

Қурби тилло дар биржаҳои Лондон асри дирӯз 1719 доллару 05 сент барои як унс таин шуд. 

Тасбити нархи миёнбонкии тилло ҳар рӯзи муъомилоти тиҷорӣ дар соати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич анҷом меёбад. Натоиҷи тасбит ба унвони маҳак дар муъомилоти шимши тилло дар саросари дунё мавриди истифода қарор мегирад. Барои муъайян кардани баҳои тилло панҷ бонки Лондон ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад.

Бозори тиллои Бритониё London Gold Market Fixing Limited маркази нишондиҳандаи асосии нархи тилло мебошад, ки аз ҷониби истеҳсолкунандагон, харидорон, сармоягузорон ва бонкҳои марказӣ дар саросари ҷаҳон васеъ истифода мешаванд. Нархҳо аз ҷониби Ассотсиатсияи Бозорҳои тиллои Лондон (LBMA) бо доллар барои як унсия муқаррар карда мешаванд. Ассотсиатсияи байналмилалии тиҷорати тилло дар Лондон бозори савдои яклухти биржаи тилло ва нуқраро намояндагӣ мекунад.

****

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 105 доллару 69 сент муъомила шуд.

Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк  101 доллару 98 сент муомила шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *