Бар асари гармои шадид ва камсобиқа дар Португалия то кунун беш аз ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Як мақоми масъул дар Португалия мегӯяд, ки то рӯз 18 июл 1063 нафар дар ин кишвар бар асари гармо ҷон бохтаанд.
Ин кишвар эҳтимолан яке аз манотиқе аст, ки бо бештарин осебҳо ва садамоти ношӣ аз гармои ҳаво мувоҷеҳ шудааст. Бо ин ҳол, коршиносон ва манобеъи ҳавошиносӣ пешбинӣ мекунанд, ки ин кишвар бояд худро барои гармои шадидтаре омода кунад ва эҳтимолан рӯзҳои доғтаре дар интизори португалиягиҳо аст.
Дар ҳафтаи гузашта, гармии ҳаво дар бисёре аз шаҳрҳои Португалия ба беш аз 40 дараҷаи сантиград расид.
Ин вазъият албатта танҳо маҳдуд ба Португалия нест; Бахшҳои васеъе аз Аврупо низ дирӯз, сешанбе шоҳиди гармои шадиде будаанд, ба тавре, ки сокинони хеле аз ин манотиқ ҳаргиз шоҳиди чунин гармие набуданд.