Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъину нишонагузории сарҳад дар вилояти Бодканд ҷамъ шудаанд.
Намояндаи вижаи Девони вазирони Қирғизистон дар масоили марзӣ, Назирбек Борубоев, гуфтааст, ҷаласа 22-юми июл оғоз шуд ва панҷ рӯз идома хоҳад кард. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора иттилое надоданд.
Нишасти қаблии ҳайатҳо рӯзҳои 21-26-уми июн дар Душанбе гузашта буд.
Борубоев гуфтааст, “аз моҳи майи соли 2021 тавонистем, дар бораи 82 километри дигари сарҳад ба созиш расем. Пеш аз ин, қариб дар бораи 520 километр мувофиқа шуда буд. Ҳоло кор давом дорад.”
Ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон низ тасдиқ карда буд, ки дар бораи 82 километри дигари хати сарҳад мувофиқа ҳосил шудааст, аммо нагуфт, ки он кадом бахшҳоро дар бар мегирад.
Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баҳори имсол гуфта буданд, ки дар умум тақрибан 664 километр хати марз маълум шудааст.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад, ки қисме аз он мушаххасу нишонагузорӣ нашудааст. Номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мусаллаҳона мешавад.
Дар яке аз бадтарин муноқиша байни ду кишвар, моҳи апрели соли 2021, аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта ва захмӣ шуданд.
Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон бо Афғонистон 1374 километр, бо Чин 494 ва бо Узбекистон 1332 километр сарҳад дорад.