Рубрики Хабарҳо

Мулоқотҳои Зубайдзода дар Димишқ барои баргардонидани кӯдакони тоҷик

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода 24 июл дар Димишқ бо Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия Виктор Найланд ва Мудири Ҳилоли Аҳмари Сурия Халед Ҳабибтӣ мулокот кардааст. Мавзӯъи аслии ин мулоқот баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия гуфта мешавад. 

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар ин тасмими ҳукумати Тоҷикистон бо ин созмонҳо баррасӣ гардидааст.

Рӯзи 21 июл низ дар Димишқ Зубайдзода бо муовини  Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, Роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар, генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ дидор доштааст.

Дар он вохӯриҳо низ баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан ва ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният миёни ду кишвар баррасӣ гардида, “перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт”.

15 феврали соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки ҳоло дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия беш аз 260 нафар занону кӯдакони Тоҷикистон қарор доранд.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Ватан дипломатҳои тоҷик моҳи декабри соли 2020 ба Сурия, аз ҷумла ба урдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷ сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо шаҳрвандони кишвар вохӯрданд. Барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия корҳо идома доранд.

«Вазорат дар ин самт ба Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ки ӯ ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Сурия мебошад, ваколат дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳукумати Сурия ҳамкории зич дорад», — гуфта буд Сироҷиддин Муҳридди

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *