Рубрики Хабарҳо

Масъулиятшиносӣ. Раҳбари КҲФ баъди як ҳафта ба назди селзадагон расид

Раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон баъди як ҳафтаи селхезиҳо дар ноҳияҳои Фархору Панҷи вилояти Хатлон ба назди осебдидагон рафт.

Рустам Назарзода, раҳбари КҲФ Тоҷикистон имрӯз, 26 май ҳамроҳ бо раисони ноҳияҳо аз селзадагони ин ду ноҳия дидан кард ва қайд кард, ки раҳбар ва ҳукумати кишвар “барои ҳали тамоми мушкилоти дар натиҷаи офати табиӣ бавуҷудомада, диққати махсус медиҳанд”.

Тибқи иттилои Умеда Юсуфи, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофеъаи шаҳрвандӣ, раҳбари кумита ҳатто ба дархосту пешниҳодҳои осебдидагон гӯш додааст.

Баъди як ҳафта ба назди осебдидагон рафтани ҷенерол Назарзодаро ҳам мешуд таҳсин гуфт, агар ӯ бо ҳамин ҳадаф ба Панҷу Фархор мерафт. Вале дидорбинии раҳбари КҲФ аз маҳалли селзада дар ҳошияи сафари ӯ ба Ҳамадонӣ барои ширкат дар маросими тантанавии қасамёдкунии наваскарон сурат гирифтааст.

Гуфтанист, ки рӯзҳои 19-20 май деҳаҳои Сурхобу Қизилсӯи ноҳияи Фархор ва деҳаи Селгаҳи ноҳияи Панҷ дар натиҷаи боронҳои пайдарпай аз омадани сел зарад диданд. Дар ин ду ноҳия даҳҳо хона фурӯ рафта, садҳо нафар бидуни сарпаноҳ мондаанд.

Бо вуҷуди даъвои Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода аз ирсоли гурӯҳе барои кӯмак ба осебдидагон ва ба зудӣ кӯчонидани онҳо ба ҷои амнтар, худи мардум мегӯянд, ҳеҷ кӯмаки амалие аз кумита надидаанд.

Мақомоти маҳаллӣ бошад ба ҳар оилаи осебдидаи деҳаи Селгаҳи ноҳияи панҷ даҳ кило орд, як килоӣ шакару равғану намак ва панҷтогӣ нон кӯмак кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *