Дар шаби соли нав дар маркази Санкт-Петербурги Русия ҳудуди ду ҳазор нафар муҳоҷир аз сӯи пулис боздошт шуданд. Дар ин бора нашрияи бо такя ба Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.
Дафтари матбуотии пулиси Санкт-Петербург ба нашрия гуфтааст, ки дар арафаи Соли нав «ба хотири ҷилавгирӣ аз садама ва ҳодисаҳои эҳтимолӣ» равиш ба майдони Қаср маҳдуд шудааст.
Навор ва аксҳои боздоштҳои Санкт-Петербургро қаблан нашрияи «Фонтанка» нашр карда буд. Дар шабакаи телеграми SOTA наворҳое низ пайдо шуданд, ки дар он нерӯҳои амниятӣ одамонро дар Маскав боздошт мекунанд. Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Маскав дар бораи боздоштшудагон хабар надодааст.