Дар се соли оянда дар Тоҷикистон ҳудуди 200 тарҳи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад.
Тавре аз сохторҳои дахлдори блоки иқтисодии кишвар ба расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд, то соли 2025 татбиқи беш аз 200 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар назар аст ва танҳо ба бахши воқеӣ ва зербиноӣ беш аз 82 миллиард сомонӣ, ҳудуди беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҷалби ин маблағҳо аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, кишварҳои алоҳида ва ҳамчунин сармоягузории мустақим дар назар аст.
Маблағҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ бо шартҳои имтиёзнок ва дарозмуддат ҷалб карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки аз соли 2002 ба ин сӯ ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шудааст.
Зиёда аз 36 миллиард сомони сармоягузории мустақим аз ҳаҷми зикргардида ба рушди соҳаи саноат равона карда шудааст.