Имрӯз қурби асъори хориҷӣ тибқи додаҳои Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 10.2664 сомонӣ;
1 евро – 10.4574 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1640 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.2664 то 10.2600 сомонӣ;
1 евро аз 10.4574 то 10.5000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1640 то 0.1665 сомонӣ.
Қимати ҷаҳонии нафт субҳи рӯзи душанбе рӯ ба поинравӣ кардааст. Сармоягузорон ба ояндаи талабот ба нафт баъди нашри омори макроиқтисодии Чин ва ҷаласаи қарибулвуқӯъи ОПЕК+ шубҳа доранд. Нафти навъи Brent то 102,92 доллар ҳар бушка ва навъи WTI то 97,31 доллар арзонтар шуданд.
***
Қимати тилло ҳам пас аз болоравии ҳафтаи гузашта, дар рӯзи нахусти моҳи авгуфт каме поин омад ва дар сатҳи 1776 доллар барои ҳар унсияи тройӣ қарор гирифт.