Маросими ифтитоҳи масҷиди нав дар Душанбе рӯзи 12 марти соли ҷорӣ баргузор гардидиа, дар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ иштирок хоҳанд кард. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумати кишвар хабар медиҳад.
Нахуст ифтитоҳи он охири моҳи сентябр – аввали моҳи октябри соли гузашта пешбинӣ гардида буд. Ҳамон замон маълумот пайдо шуд, ки амири Қатар аз ҳукуматдорони тоҷик дархост кардааст, ки ба ӯ барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷид ва адои намоз дар он бо диндорони тоҷик имкон дода шавад
Маросими ифтитоҳи бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ташрифи “меҳмони ниҳоят муҳиму воломақом” – амири Қатар мавқуф гузошта шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба омодакунии маросими ба истифода додани масҷид, ки ба ҳайати он намояндагон ҳукумат, ходимони дин ва олимон шомиланд, ба президенти Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки масҷид “Хуросон” номгузорӣ шавад.
“Ин танҳо як пешниҳод буда, қарори ниҳоиро дар бораи номгузории масҷид раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қабул мекунад”, – таъкид дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони масҷид санги асос гузошта буд.
Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида,9 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.
Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.
Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра иборат аст.
Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.