ОПЕК плюс дар ростои коҳиши тавлиди нафт ба “тавофуқи таърихӣ”даст ёфт. Иллати ин тасмими таърихӣ суқути баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Оё тасмими эъломшуда аз сӯи кишварҳои узви ОПЕК+ метавонад суботро ба бозори ҷаҳонии нафт бозгардонад?
Ба рағми ихтилофи назари кишварҳои узви ОПЕК+ бар сари коҳиши тавлиди нафт ва ба хусус ба рағми мухолифати аввалияи Мексик бо ин иқдом, кишварҳои тавлидкунандаи нафт дар тасмими таърихӣ бар сари коҳиши бесобиқаи мизони тавлиди нафти худ ба тавофуқ расиданд.
Дар ҷараёни конфронси видеои кишварҳои узви ОПЕК ва шарикҳои он ки маҷмӯъан ба ОПЕК плюс шӯҳрат ёфта, тасмим гирифта шуд тавлиди нафт рӯзона ба мизони нӯҳ миллиону 700 ҳазор бушка коҳиш ёбад. Ба ин тартиб, мизони тавлиди нафти кишварҳои ОПЕК+ рӯзона беш аз як миллиарду 400 миллион литр коҳиш хоҳад ёфт.
Иллати тан додани кишварҳои узв ба ин тавофуқ суқути баҳои нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Баҳои ҳар бушка нафти Брент, ки дар оғози соли ҷорӣ 66 доллар буд дар се моҳаи гузашта ҳатто гоҳе ба зери 25 доллар суқут кард.
Коҳиши тавлиди нафти хом
Кишварҳои узви ОПЕК+ дар конфронси видеоии худ тасмим гирифтанд, ки дар вокуниш ба коҳиши баҳои нафти хом, тавлиди нафти худро дар ду моҳи май ва июн ба мизони ҳудуди 10 миллион бушка коҳиш диҳанд.
Росио Нола, вазири энерҷии Мексика, ки аз мухолифони ҷиддии коҳиши тавлиди нафт буд, пас аз конфронси ёдшуда эълом кард, ки ин кишвар низ аз сиёсати умумии нозир бар коҳиши тавлид пайравӣ хоҳад кард.
Дар асари шуйӯъи бемории коруно мизони тақозо барои нафти хом ба шиддат коҳиш ёфта буд. Мизони тақозо барои нафти хом дар ҳолати одӣ ҳудуди 100 миллион бушка дар рӯз пешбинӣ шуда буд. Ҳол он ки мизони тақозо барои нафт дар бозорҳои энерҷӣ зарфи моҳҳои гузашта ҳудуди 30 то 35 дарсад коҳиш ёфтааст.
Кишварҳои узви ОПЕК+ эълом кардаанд, ки сиёсати коҳиши тавлиди нафт замоне метавонад таъсиргузор бошад, ки соири кишварҳои тавлидкунанда, аз ҷумла Амрико ва Канада низ аз мизони тавлиди нафти худ бикоҳанд. Пешбинӣ мешавад, ки Амрико ва Канада низ рӯзона панҷ миллион бушка аз тавлиди нафти худ кам кунанд.
Дархости Трамп аз Арабистон ва Русия
Ҳафтаи гузашта Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз Арабистон ва Русия дархост карда буд то бо коҳиши тавлиди нафт, ба бозорҳои ҷаҳонӣ субот бубахшанд. Ин дар ҳолст, ки Русия ва Арабистон ва ба вижа Эрон бар ҳамроҳии дигар кишварҳои тавлидкунандаи нафт исрор доштанд.
Бежан Номдор Зангина, вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ирсоли номае барои раёсати ОПЕК бар коҳиши тавлиди ҳамаи кишварҳои нафти ҷаҳон аз ҷумла Амрико ва Канада таъкид карда буд.
Владимир Путин ва талош барои эҷоди субот дар бозорҳои ҷаҳонии нафти хом
Кишварҳои ОПЕК+ дар айни ҳол эълом кардаанд, ки коҳиши тавлиди нафти кишварҳои зермаҷмуъаи ин гурӯҳ дар шашмоҳагаи дувуми соли ҷорӣ низ ба мизон ҳашт миллион бушка дар рӯз идома хоҳад ёфт.
Бояд ёдовар шуд, ки бо иҳтисоби коҳиши даҳ миллион бушкаи кишварҳои ОПЕК плюс ва панҷ миллион бушка коҳиши эҳтимолии Амрико ва Канада, эҳтимоли бозгашти баҳои нафт ба давраи пеш аз шуйӯъи коруно баид ба назар мерасад. Дар ҳоли ҳозир тақозо барои нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо коҳиши беш аз 30 миллион бушка дар рӯз рӯ ба рӯ аст.
Таъсири аввалияи тасмими кишварҳои ОПЕК плюс бар баҳои нафти хом ризояти бахш набудааст. Баҳои нафти Brent дар вокуниш ба ин тасмим аз афзоиши чаҳор дарсадӣ бархурдор буд ва ба беш аз 32 доллар барои ҳар бушка расид. Баҳои нафти WTI низ ҳудуди панҷ дарсад афзоиш ёфта ва ба ҳудуди 24 доллар расид.
Ин дар ҳолест, ки баҳои миёнгини нафти ОПЕК собит монд. Баҳои нафти ОПЕК рӯзи душанбе 13 апрел каме беш аз 21 доллар барои ҳар бушка эълом шудааст.