Давлати Дания омодагӣ дорад бо анҷоми ислоҳот дар қонуни кайфарии ин кишвар аз вуқӯъи мавриди беҳурматӣ ба китобҳои муқаддас ҷилавгирӣ кунад.
Давлати Дания дар 25 август эълом кард, ки ба Маҷлис лоиҳаеро дар мамнуъияти беҳурматӣ ба Қуръони карим ва дигар китобҳои муқаддас ироа хоҳад кард.
Бо ин лоиҳа пешниҳод хоҳад шуд, ки ба модаи 110 қонуни кайфарии Дания банди 2, ки баён мекунад “агар фарде ошкоро нисбат ба як шайъи дорои аҳамияти мазҳабӣ иқдоми номуносибе дошта бошад, муҷрим шинохта хоҳад шуд” изофа шавад.
Қуръони карим, Инҷил, Таврот ва Видоҳо (матни муқаддаси ҳиндуизм) ба унвони ашёъи дорои аҳамияти мазҳабӣ дар назар гирифта хоҳад шуд. Муҷозоти иқдоми таҳқиромез алайҳи як шайъи дорои аҳамияти мазҳабӣ пардохти ҷаримаи нақдӣ ё ҳадди аксар 2 сол ҳабс хоҳад буд.
Иқдомоте монанди сӯзондан, касиф кардан, зери по гузоштан, лагад задан, пора кардан, буридан бо чоқу ба унвони “рафтори номуносиб алайҳи шайъи мазҳабӣ” талаққӣ хоҳад шуд. Ба хотири ин ки як иқдом ба унвони “рафтори номуносиб” талаққӣ шавад, бояд ба сурати ошкор ё бо ҳадафи ташвиқи дигарон анҷом шуда бошад.
Бар ин асос, агар як рафтори номуносиб ба сурати умумӣ анҷом ё аз тариқи интернет ба иштирок гузошта шавад, ҷурм талаққӣ хоҳад шуд. Иқдомоте, ки дар як муҳити баста анҷом мешавад, шомили ин қонун нахоҳад буд.
Интизор меравад лоиҳаи мазкур дар моҳи сентябр ба Маҷлиси Дания ироа ва пас аз ройзаниҳо дар моҳи октябр ба райгирӣ гузошта шавад.