Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи ҳакерҳо ба Маҷлиси Олмон ва иттиҳомҳои сангини Меркел алайҳи Маскав

Садри аъзами Олмон аз ҳамлаи ҳакерҳои вобаста ба идораи иттилооти низомии Русия GRU ба Маҷлиси Олмон интиқод кард. Ангело Меркел дар ҳамини ҳол афзуд, ки талош мекунад то равобити хубе бо Русия дошта бошад. 

Ангело Меркел рӯз чаҳоршанбе,13 май дар маҷлиси Олмон аз “шавоҳиди маҳкам” дар бораи ҳамлаи панҷ соли пеши ҳакерҳои рус ба Бундестог сухан гуфт ва тасреҳ кард: “Мо онро комилан ҷиддӣ мегирем, зеро таҳқиқот дар ин замина бисёр дақиқ будааст.”

Панҷ соли пеш ҳамлаи ҳакерҳо чандин рӯз системаи роёнаии Маҷлиси Олмон (Бундестог)-ро аз кор андохт. Ҳакерҳо талош карда буданд то бо рахна аз системаи пусти электироникии намояндагони Маҷлис то ҳадди имкони иттилоот дуздӣ кунанд. 

Пас аз таҳқиқоти додситони федерал, мушаххас шуд, ки Дмитрий Бадин, яке аз коркунони идораи иттилооти низомии Русия GRU ва аъзои гурӯҳи «АПТ-28» дар ин ҳамалот даст доштаанд ва барои онҳо ҳукми ҷалби байналмилалӣ содир кард. 

Пештар Шпигел-онлойн гузориш карда буд, ки дафтари Ангело Меркел, садри аъзами Олмон дар Маҷлис низ аз ин ҳамалот ба дур намонда будааст. 

“Стротежии ҷанги ҳибридӣ” 

Садри аъзами Олмон, ки ба саволи намояндагон посух медод, афзуд: “Содиқона бигӯям, ин мавзӯъ барои ман бисёр дарднок аст, табиӣ аст, ки ҷавобҳои муносиб дар ин замина хоҳем дод, ҳатто дар муқобили Русия». 

Ангела Меркел дар бахши дигаре аз суханонаш дар мавриди “стротежии ҷанги ҳибриди”-и Русия, ин стротежиро шомили “пахши иттилооти нодуруст” ва “гумроҳсозӣ” донист ва афзуд: “Бояд муроқиб буд, ин як тасодуф нест, балки стротежие аст, ки онҳо ба кор мебаранд”. 

Садриаъзами Олмон бо ин ҳол таъкид кард, ки ӯ талош мекунад равобити хубе бо Русия дошта бошад аммо рафтори Русия “ҳамкори қобили эътимод”-ро хадшадор кардааст. 

Ҳакерҳо дар ҳамлаи моҳи май соли 2015 бо ирсоли имейлҳои ҷаълӣ аз сӯи Созмони милал, вориди системи Маҷлиси Олмон шуданд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *