Дақоиқе пеш ҳавопаймои ҳомили раиси Маҷлиси намояндагони Амрико Ненси Пелоси дар фурӯдгоҳи Тайбей, пойтахти Тайван фурӯд омад.
«Сафари ҳайати мо ба Тайван нишони он аст, ки Амрико бидуни калавише Тайвани демократиро дастгирӣ мекунад. Имрӯз вақте ҷаҳон пешорӯи интихоб байни демокросиву автократия қарор дорад, нишон додани ҳамбастагии Амрико бо 23 миллион нафар мардуми Тайван беш аз пеш муҳим аст” — эълом дошт Пелоси баъди нишастан.
Тибқи иттилоъи Рейтерз қарор аст фардо, чаҳоршанбе Пелоси бо гурӯҳе аз фаъолони мадании Тайван дидор кунад. Имкон дорад ин вохӯрӣ дар Музейи миллии ҳуқуқи инсон дар Ню Тайбей баргузор шавад.
Оҷонси иттилоотии Тайван хабар додааст, ки Пелоси фардо ҳамчунин бо раисчҷумҳури Тайван Тсай Инвэен дидор кунад ва баъдан ин кишварро тарк намояд.
Ду рӯз аст, ки ҷаҳон парвозҳои Пелоси дар Осиёи Ҷанубӣ ва Уқёнусияро пайгирӣ мекунад. Таниш миёни Чину Амрико бинобар тасмими вуруди раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван ба доғтарин сатҳ дар таърихи ду кишвар расидааст.
Чин ваъдаи посухи шадид ба ин иқдоми ИМА, ки онро дахолат ба умури дохилааш медонад, додааст.
Ин хабар пайгирӣ мешавад.