Созмони паймони Атлантики шимолӣ, НАТО рӯзи душанбе эълом кард, ки дар пайи нооромиҳои ҳафтаи гузашта дар шимоли Косово бо эъзоми нерӯҳои кумакии бештар, сулҳбонони мустақар дар ин кишварро тақвият кардааст.
Нооромиҳо дар шимоли Косово пас аз он шиддат гирифт, ки чанд шаҳрдори албаниёитабор бо таъйиди давлат ва дар пайи интихоботи муноқишабарангез масъулияти идораи манотиқи шаҳре дар ин бахш аз кишварро бар ӯҳда гирифтанд.
Интихоботи маҳаллӣ барои таъйини шаҳрдорон дар ҳоле баргузор шуд, ки аксарияти серби сокини дар ин минтақа сандуқҳои раъйро таҳрим карданд ва сатҳи мушорикат дар он 3.4 дарсад эълом шуд.
Дар нооромиҳо ва даргириҳои муртабит бо ин интихобот ва ва сипас интихоби шаҳрдорони албаниёитабор то кунун дасти кам 30 узви нерӯи ҳофизи сулҳи НАТО ва ҳамчунин 52 мӯътаризи сербтабор маҷрӯҳ шудаанд.
Иоанна Лангеску, сухангӯи НАТО дар твите эълом кард: “ҳудуди 500 нерӯи низомӣ аз тайпи 65-и пиёданизоми Туркия бахши умдае аз нерӯҳои кумакии эъзомиро ташкил додаанд.”
Аз сӯи дигар, вазорати дифоъи Туркия низ шанбеи гузашта эълом карда буд, ки қасд дорад дар посух ба дархости НАТО барои тақвияти нерӯҳои ҳофизи сулҳ, пас аз нооромиҳо дар шимоли Косово, теъдоде аз командосҳои худро дар рӯзҳои якшанбе ва душанбе ба ин кишвар эъзом кунад.
Вазорати дифоъи Туркия низ пештар бо интишори баёнияе зимни ишора ба ин мавзӯъ, ки ягони ирсолшавнада аз командосҳои ин кишвар барои истиқрор дар Косово мушаххас шудааст хостори хештандорӣ ва гуфтугӯи созанда барои ҳали буҳроне шудааст, ки ба гуфтаи Анқара метавонад амнияту субот дар минтақаро ба хатар биандозад.
НАТО дар вокуниш ба боло гирифтани таниш дар шимоли Косово тасмим гирифт 700 нерӯи ҳофизи сулҳи дигарро дар Косово мустақар ва ин нерӯи 4 ҳазор нафариро тақвият кунад.
Йенс Столтенберг, дабири кулли Созмони паймони Атлантики шимолӣ, НАТО рӯзи панҷшанбеи гузашта эълом карда буд, ки ин эътилофи низомӣ омодаи эъзоми нерӯҳои бештар аст.
Вай дар ҳошияи нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви паймони Атлантики шимолӣ дар Осло ба хабарнигорон гуфт: “НАТО ҳушёр хоҳад буд. Мо барои итминон аз эҷоди як муҳити амн ва ҳамчунин барои ором кардани авзоъ ва костан аз танишҳо он ҷо хоҳем буд.”
Нерӯи ҳофизи сулҳи НАТО пас аз қиём ва шӯриши истиқлолталабонаи аксарияти албаниёитабори Сербистон алайҳи ҳокимияти саркӯбгари ин кишвар тайи солҳои 1998 ва 1999 таъсис шуд.
Косово дар соли 2008 истиқлол ёфт ва тавонист машрӯъияти ҷомеаи байналмилалро ба даст овард ҳарчанд, ки Сербистон Косоворо ба унвони кишвари мустақил ба расмият намешиносад ва онро бахше аз хоки худ медонад.
Сербтаборҳои сокини шимоли Косово, ки аксарият сокинони ин минтақаро ташкил медиҳанд, ба думболи худмухторӣ ҳастанд.