Рубрики Хабарҳо

Сафари Алиев ба Қирғизистон барои “тақвияти равобити бародарона миёни кишварҳои туркзабон”

Раисҷумҳури Озарбойҷон имрӯз барои нахустинбор ба Қирғизистон сафари расмӣ анҷом дод. Раисҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қирғизистон пас аз маросими истиқболи расмӣ аз Алиев ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, дар нахустин нишасти Шӯрои байни давлатӣ ширкат карданд. 

Содир Ҷаборов тайи суханоне дар ин нишаст бо баёни ин ки мардуми ду кишвар таърих ва фарҳанги муштарак доранд, таъкид кард, ки Қирғизистон барои густариши равобити худ бо Озарбойҷон аҳамияти фаровоне қоил буда ва ин кишварро ба унвони як дӯст ва шарики қобили эътимод мебинад. 

Ҷаборов ҳамчунин тасреҳ кард, ки қасд доранд бо Озарбойҷон гуфтугӯи сиёсиро тақвият, проектҳои сармоягузории бузург иҷро, равобити иқтисодии наздиктар аз ҷумла таомули фаъол дар палтформҳои байналмилалӣ эҷод ва ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаро бештар тавсеа кунанд. 

Алиев низ бо ишора ба тамоюли Боку барои тавсеаи муносибати дуҷониба бо Қирғизистон изҳор дошт: «ҷаҳони турк потенсиали ҷадиде пайдо кардааст. Қирғизистон низ монанди Озарбойҷон ба тақвияти равобити бародарона миёни кишварҳои туркзабон кумаки қобили мулоҳизае ироа мекунад». 

Вузарои ду кишвар дар чорчуби ин нишаст тавофуқномаи эҷоди сандуқи тавсеаи Қирғизистон-Озарбойҷонро имзо карданд. 

Дар ин тавофуқнома тасреҳ шуд, ки сандуқи мазкур бо сармояе ба маблағи 25 миллион доллар ба манзури навсозӣ ва тавсеаи иқтисоди ду кишвар ва истифодаи муассир аз фурсатҳои ҳамкорӣ эҷод шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *