Коҳиши никоҳ ва афзоиши талоқ дар Тоҷикистон
Сабти никоҳ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, теъдоди талоқ зиёд шудааст. Тибқи гузориши Агентии омори Тоҷикистон, шумораи сабти издивоҷ тайи 6 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 дарсад кам шудааст.
Тавре манбаъ гузориш медиҳад, дар шашмоҳа 33,5 ҳазор ҷуфт ақди никоҳ бастаанд. Таъкид шудааст, ки коҳиши издивоҷ тақрибан дар ҳамаи навоҳии Тоҷикистон ҷой дорад.
Дар ҳамин ҳол, тайи нимсоли аввали соли равон беш аз 6 ҳазор ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 481 ҳолат бештар мебошад.
Қаблан хабар дода шуд, ки хонадоршавии тоҷикистониён бо хориҷиён коҳиш ёфтааст. Вазорати адлия ин ҳолатро ба тағйирот дар Кодекси оилаи кишвар рабт дод, ки соли 2011 қабул шуда буд.
Бар асоси муқаррароти Кодекси оила, хориҷиҳо қабл аз издивоҷ бо духтарони тоҷикистонӣ бояд онҳоро бо хона таъмин кунанд.