Раисҷумҳури Русия бо эъломи омодагии фурӯши таслиҳоти пешрафта ба муттаҳидони ин кишвар, аз амалкарди нерӯҳои русӣ ва ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар Донбасс дар шарқи Укроин ситоиш ва бар зарурати “тасрифи комил”-и Донбасс таъкид кард.
Владимир Путин дар як намоишгоҳи силоҳҳо дар ҳавмаи Маскав бо ваъдаи густариши ҳамкории низомӣ бо муттаҳидони Русия гуфт, Маскав омодааст модернтарини силоҳҳояшро ба онҳо бидиҳад.
Раисҷумҳури Русия дар ифтитоҳияи ин намоишгоҳ дар рӯзи душанбе, 15 август хотирнишон сохт, ки содироти таслиҳотии Русия нақши бузург дар тавсеаи як “ҷаҳони чандқутбӣ” ифо мекунад. “Ҷаҳони чандқутбӣ” истилоҳе аст, ки Кремл аз он барои тавзеҳи талошҳояш алайҳи он чи ки “салтаи ҷаҳонии Амрико” меномад истифода мекунад.
Путин аз амалиёти артиши Русия дар Укроин, ки бо таҳримҳои шадиди Ғарб мувоҷеҳ шудааст ситоиш кард ва аз муттаҳидони Маскав ба далели ҳимояташон аз Русия ташаккур кард.
Путин бидуни ин ки аз кишвари хосе ном барад, равобити “қавӣ, дӯстона ва қобили эътимод”-и Русия бо кишварҳои Амрикои Лотин, Осиё ва Африқоро сутуд ва гуфт, ҳозир аст то васоили нақлияи зиреҳӣ, тӯпхона ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва бидуни сарнишини Русияро ба шарикон ва муттаҳидони кишвараш бидиҳад.
Путин дар ҳоле аз ироаи силоҳҳои бисёр пешрафта ба муттаҳидон сухан мегӯяд, ки бисёре аз нозирон заъфи низомии ин кишварро аз далоили адами пешравии сареъ, шикастҳо ва ақибнишиниҳои пайопай дар Укроин номидаанд.
Муассисаи таҳқиқоти сулҳи Стокголм дар гузорише, ки дар моҳи март мунташир кард аз коҳиши содироти таслиҳотии Русия хабар дод ва навишт, фурӯши таслиҳоти ин кишвар аз 3.7 миллиард дар соли 2020 ба 2.7 миллиард доллар дар соли 2021 таназзул ёфт.
Путин дар суханонаш дар рӯзи душанбе ҳамчунин аз ҷанги таҳоҷумии кишвараш алайҳи Укроин дифоъ ва бар ҳадафаш барои тасарруфи комили Донбасс, дар шарқи Укроин таъкид кард.
Дар ҳоле, ки Укроин Русияро ба сангинтарин ҷароими ҷангӣ ва пайи гирифтани сиёсати хунини ишғолӣ муттаҳам мекунад Путин гуфт, хоки Донбасс “қадам ба қадам озод хоҳад шуд.”
Ӯ аз амалкарди нерӯҳои русӣ ва ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар ин минтақа шарқи Укроин ситоиш кард ва афзуд, онҳо “бо ифтихор ба вазифаи худ” дар Укроин амал мекунанд.