Аъзои ҷумҳурихоҳи кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси Намояндагони Амрико дар гузориши интиқодӣ аз хурӯҷи ошуфтаи Амрико аз Афғонистон мегӯянд, ки пас аз суқути ҳукумат, теъдоди “қобили мулоҳиза”-и қумондоҳои пешини афғон, ки тавассути Амрико омӯзишҳои хоси ҷангӣ дида буданд, ҳамроҳ бо силоҳҳои худ ба Эрон фирор кардаанд.
Ба нақл аз сайти хабарии Фри Бикон, (Washington Free Beacon) дар ин гузориш омадааст: “шумори қобили таваҷҷуҳи нерӯҳои хос ва 3 ҳазор нерӯи амниятии ҳукумати пешин, ба шумули афсарони баландпоя, ба Эрон рафтаанд.”
Ин намояндагон дар ин гузориш, ки бар асоси мусоҳиба бо афроди огоҳ ва асноди вазорати хориҷаи Амрико таҳия шуда, мегӯянд, ки ин нерӯҳо ҳамроҳ бо силоҳҳо ва таҷҳизоти низомии худ ба Эрон паноҳ оварданд, “чун Амрико ва дигар кишварҳои муттаҳидаш ононро аз Афғонистон хориҷ накарданд ва ба ин далел, чорае ҷуз рафтан ба он ҷо надоштанд.”
Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки агар онон ба дасти гурӯҳҳо ва кишварҳои душмани Амрико биафтанд, ба иллати огоҳияшон аз рамзҳо ва маҳоратҳои ҷангии Амрико, “таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти миллии Амрико хоҳанд буд.”
Вазорати хориҷаи Амрико дар моҳи октябри соли қабл ба ин таҳдид истинод карда буд. Дар гузориши мазкур ба нақл аз як мақоми аршади ин вазорат омадааст: “афғонҳое, ки аз амалиётҳои мушаххаси амниятӣ, ҷамъоварии иттилооти истихборотӣ ва дигар абъоди нерӯҳои амниятӣ ва дифоъии (Амрико) иттилоъ доранд, эҳтимолан манбаъи хатароти амниятӣ барои Амрико хоҳанд буд. Ба хусус агар ба доми гурӯҳҳои террористӣ биафтанд.”