Дар Маскав Пулис бо дастгирии Гвардияи Русия як маркази пинҳонӣ ва ғайриқонунии муҳоҷиратро ошкор кард. Ба гузориши расонаҳои русӣ,дар ин марказ қаллобон ҳудуди 3000 нафар хориҷиёнро ба таври ғайриқонунӣ дар пойтахти Русия ба қайд гирифтаанд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Ирина Волк ба расонаҳо гуфт, ки созмондиҳандагон зодагони кишварҳои хориҷи наздик будаанд.
Онҳо барои таҳияи асноди ғайриқонунӣ: кортҳои муҳоҷират, шаҳодатномаи ронандагӣ, патентҳо, инчунин мӯҳрҳои қалбакӣ кор мебурдаанд.
Дар пайи ин амалиёт аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷҳизоти компютерӣ, муҳрҳои маълумот дар бораи убур аз марзи Русия, мӯҳри ниҳодҳои давлатии Русия, 280 варақаи корти муҳоҷират бо нишони убури марзи Русия мусодира карда шуд.
Ҳамчунин, маблағи беш аз як миллион рубл, ки гӯё дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, мусодира шуд.
Дар ҳоли ҳозир 4 нафар боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. 18 муҳоҷир барои нақзи тартиби будубош дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.