Рубрики Хабарҳо

Талаби Қирғизистон: барои вайрон кардани тартиботи ИИА ҷавобгарӣ таъйин шавад

Қирғизистон талаб кард, ки минбаъд барои вайрон кардани тартиботи гардиши озодонаи мол, хадамот, захираҳои меҳнатӣ ва сармоя дар дохили кшварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷавобгарӣ таъйин шавад.

Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё рӯзи 26 август дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон изҳори назар кард.

Ҷабборов ҳамчунин гуфт, нишондодҳои иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар нимсолаи 2022 афзудааст. Вай инчунин аз монеаҳо дар дохили иттиҳод ёдоварӣ кард.

Ҷабборов гуфт, «Мо бояд шароити хуберо барои шаҳрвандоне фароҳам оварем, ки дар кишварҳоямон кор мекунанд. Шаҳрвандони мо барои пайдо кардани кор ҳуқуқи баробар доранд».

Мақомоти Қирғизистон дар ҳоле содасозии тартиботи муҳоҷиратро пешниҳод мекунанд, ки давраи имтиёзноки будубоши муҳоҷирони қирғизистонӣ дар Русия ба поён мерасад. Аммо, талаб мекунад, ки шаҳрвандонаш дар Русия мавриди фишору таҳқир ва таъқибҳои бесабаби пулис ва дигар мақомот қарор нагиранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *