Рубрики Pressa

Португалия Фаластинро ба расмият шинохт


Португалия расман давлати Фаластинро ба расмият шинохт. Паулу Рангел, вазири корҳои хориҷии ин кишвар шаби гузашта дар дафтари намояндагии доимии Португалия дар Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк тасмими кишварашро эълон кард.

Ин иқдом дар пайи эътирофи давлати Фаластин аз ҷониби Бритониё, Канада ва Австралия сурат гирифта, мавҷи наве аз пуштибонӣ аз ҳуқуқи миллати фаластинӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Вазири корҳои хориҷии Португалия дар изҳороти худ илова  ба расмият шинохтани Фаластин, хостори озодии гаравгонҳои исроилӣ аз дасти гурӯҳи ҲАМОС ва барқарории оташбас дар навори Ғазза гардид.

Қарор аст имрӯз, 22 сентябр дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якчанд кишвари дигар низ Фаластинро ба ҳайси давлати мустақил ва соҳибихтиёр эътироф намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *