Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои амният ва субот дар раддабандии солонаи Пажуҳишгоҳи амрикоии Gallup (Геллап) дар байни 144 давлати ҷаҳон мақоми дуюмро ишғол намуд.
Ин раддабандӣ дар асоси натиҷаҳои назарпурсии зиёда аз 145 000 нафар дар саросари ҷаҳон тартиб дода шудааст. Ҳадафи таҳқиқот арзёбии эҳсоси амнияту боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва имкони бехатар гаштугузор кардан дар шабонарӯз мебошад.
Ба иттилои созмон, аксари пурсидашудагон дар Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки ҳангоми гаштугузор дар шабона ҳеҷ гуна хатар эҳсос намекунанд ва сатҳи боварии онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд аст.
Мақоми дуюм гирифтани Тоҷикистон дар ин раддабандӣ нишонаи равшани беҳбуди вазъи амниятӣ, сиёсати устувори дохилӣ ва кори самараноки мақомоти қудратии кишвар мебошад.
Раддабандии Пажуҳишгоҳи Геллап яке аз манбаъҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар соҳаи арзёбии амният ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube