Ягон бахши давлатии Тоҷикистон маблағеро, ки дар буҷаи давлатӣ пешбинӣ шудааст, пурра дарёфт накардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар месоҳаи ду соли охир мақомот аз иҷрои барзиёд ва пешазмӯҳлати буҷа гузориш медиҳанд.
Тибқи маълумоти фаврии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар аввали моҳи июл бахши давлатӣ ба ҳисоби миёна ба андозаи 84 фоизи пешбинишуда маблағгузорӣ шудааст.
Фоизи баланди ичрои маблаггузорй ба комплекси сузишворию энергетики — 99,4 фоиз, наклиёт ва алока — 98,4 фоиз, саноат ва сохтмон — 84,2 фоиз рост меояд.
Маданият ва спорт аз хама кам — 80,8 фоизи буҷа гирифта шуд.
Барои тараккиёти хочагии сузишворию энергетики бештар аз 2,4 миллиард сомонӣ чудо карда шуд. Ин маблағ 15%-и кулли хароҷоти буҷаи давлатиро дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки хароҷоти буҷаи давлатӣ дар моҳҳои январ-июнь беш аз 14,1 миллиард сомониро ташкил додааст. Фоизи ичрои бучаи давлатй 87,7 фоизи плани пешбинишударо ташкил дод.